ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: САДАМАИ ПУРҚУРБОНИИ ШАБОНА ДАР ВАХШ 3 КУШТА БА ҶО ГУЗОШТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 13 ноябри соли 2023, дар як садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Бохтар – Вахш, бар асари ба мошини боркаши КАМАЗ бархӯрдани мошини сабукрави “Тойота-Камри” ронанда ва ду мусофири сабукрав – се ҷавони аз 18 то 23-сола – дар ҷои ҳодиса ҷон дода, ронандаи КАМАЗ низ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.

Бино ба иттилои ВКД, шаби 13-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 21:40-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Камри», Каримов Абдулмуъмин Абдулҳамидович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Вахш, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини боркаши тамғаи КАМАЗ, таҳти идораи Меҳторов Муҳаммад Салимович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Вахш, ки аз самти ноҳияи Вахш ба самти ноҳияи Кӯшониён ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи «Тойота-Камри», Каримов А.А. ва мусофиронаш: Файзалиев Сайфиддин Сафарович, соли таваллудаш 2000, Каримов Гулмурод Насимович, соли таваллудаш 2005, сокинони ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи «Камаз», Mеҳторов М.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дар видеое, ки Парвиз ТВ аз ҷои ҳодиса нашр кард, дида мешавад, ки бар асари бархӯрд нафақат мошини сабукрав тикаву пора шудааст, балки ҳатто мошини боркаш ҳам осеби ҷиддӣ бардоштааст. Шоҳидон мегӯянд, бархӯрд ончунон сахт буд, ки ҳеҷ шонси зинда мондани ронандаву мусофирони “Тойота” вуҷуд надошт.

БАРОИ ТАМОШОИ ВИДЕО АЗ МАҲАЛЛИ САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ВАХШ ИН САТРРО ЗЕР КУНЕД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ин қабл хабар дода буд, ки шоми 12-уми ноябри соли 2023 дар як садамаи пурқурбонӣ дар шоҳроҳи дар ҳудуди ноҳияи Деваштич ронандаи “Опел” ва ду мусофираш: занони меҳмон аз вилояти Андиҷони Ӯзбекистон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду зани дигари меҳмон аз Андиҷон ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

 Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button