Идораи Росселхознадзори вилоятҳои Томску Новосибирски Русия рӯзи 16 ноябри соли 2023 хабар дод, ки як кабк ва 31 кабӯтареро, ки аз Тоҷикистон оварда буданд, аз Русия “депортатсия” кардаанд. Бино ба иттилои ин идора, дар рӯзҳои ахири истироҳат кормандони Росселхознадзор якҷо бо кормандони боҷхонаи фурудгоҳи Толмачёвои шаҳри Новосибирск ҳангоми тафтиши бағочи муҳоҷирон ду ҳолати вайрон кардани қонунҳои Русияро ошкор кардаанд.
Як мусофире, ки аз Тоҷикистон меомад, дар дохили қафас 31 кабӯтарро бо худ оварда, мехост ба Русия ворид кунад. Ҳамин тавр, як мусофири дигар аз Тоҷикистон бо худ дар даруни сабати чӯбин як сар кабк доштааст.
Худи ин мусофирон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале Росселхознадзор мегӯяд, ки интиқоли ин парандагон бидуни иҷозатномаи ин идора ва ҳам бидуни санадҳои байторие, ки солим будани ин ҷонварон ва аз лиҳози бемориҳои ҳайвоноту парандагон амн будани макони қаблии зисти онҳо, яъне Тоҷикистонро собит кунад.
Росселхознадзор дар иттилоияаш гуфт: “Бар асоси талаботи қонунгузории байторӣ, бо мақсад роҳ надодан ба эҳтимоли ворид ва паҳн кардани бемориҳои хатарнок ба ворид кардани ин парандагон , ба қаламрави Русия иҷозат дода нашуд. Дар даврае, ки парандагон дар ҳудуди фурудгоҳи Толмачёво қарор доштанд, мутахассисони Росселхознадзор барои онҳо шароити роҳати нигоҳдорӣ ва таъмини ғизояшонро таъмин карданд ва рӯзи 15 ноябри соли 2013 ин парандагонро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон депортатсия карданд”.
Росселхознадзор дар ҳақиқат дар иттилоияи расмиаш аз вожаи “депортатсия” истифода бурдааст. Аммо дар бораи соҳибони ин кабку кабӯтарон дар иттилоияи ин идора чизе гуфта нашудааст, ки оё онҳо аз баҳри ин ҷонварон гузашта, дар Русия монданд ваё аз паси кабку кабӯтаронашон ин ду нафар низ ба Тоҷикистон баргаштанд?