ҶИНОЯТИ ГӮШНОШУНИД: ҚАТЛИ ДУХТАРЧАИ СЕСОЛА АЗ СӮИ ЗАНИ ҲАМСОЯ (ВИДЕО)

Як ҷавонзани 22-сола дар кӯчаи Маърифати шаҳраки Сомониён, маркази ноҳияи Рӯдакӣ даст ба ҷинояти гӯшношунид зада, духтарчаи сесолаи ҳамсояашро бо бераҳмии махсус бо чанд зарбаи корд ба гарданаш кушта, ҷасадашро дар партовгоҳ пинҳон кардааст. Вале тафтишот хеле зуд парда аз рӯи ин ҷиноят бардошт ва гумонбаршаванда муайян ва дастгир шуд. Худи Манижа Эмомализода, ки дар ҳабс қарор дорад, ва наздикони ӯ барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале ВКД мегӯяд, дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки ин зан қабл аз ин ҳангоми дуздӣ аз хонаи ҳамсояаш ба даст афтода, барои он духтари ҳамсояро дуздида, куштааст, ки … ҳуши зани ҳамсоя ба гум шудани духтараш банд шуда, дуздӣ кардани ӯро фаромӯш кунад ва овоза накунад.
Дар гузорише, ки шоми 15 ноябри соли 2023 дар шумораи навбатии ҳафтаномаи телевизионии “Ахбори ВКД” нашр шуд, гуфта шуд, ки санаи 3 ноябри соли 2023 Зарифа Ашӯрова, сокини кӯчаи Маърифати шаҳраки Сомониён ба ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи гум шудани духтарчааш Абдуллозода Шарифа Имомназар, соли таваллудаш 2020, хабар додааст. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ баъди як рӯз, санаи 4 ноябрҷисми беҷону оғӯшта ба хуни ин тифли маъсумро бо аломатҳои яқини марги маҷбурӣ , аз ҷумла ҷароҳатҳои корд дар қисмати гарданаш аз партовгоҳи воқеъ дар ҳамин суроға пайдо карданд.
Муаллифи гузориш майор Эҳсон Абдуллозода мегӯяд, куштори тифли хурдсол бо чунин бераҳмии махсус дар шаҳраки Сомониён ва атрофи он нигарониву ташвиши зиёдеро ба по кард ва ҳатто ҳамсояҳо ҳар кадом ба якдигар бо назари шубҳа нигоҳ мекарданд. Вале ба кормандони шуъбаи якуми милитсияи ноҳияи Рӯдакӣ муяссар шуд, ки хеле зуд ин ҷиноятро ошкор кунанд.
Ҷамшед Раҳмонзода, сардори бахши кофтукоби ҷиноятии ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд: “Дар натиҷаи бурдани як қатор корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ва коркарди маълумоти фаврии воридгардида муайян карда шуд, ки ин ҷиноят аз ҷониби шаҳрванд Эмомализода Манижаи Шералӣ, соли таваллудаш 2001, сокини кӯчаи Қаротегин 2, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки муваққатан дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекард, содир шудааст”.
Эҳсон Абдуллозода мегӯяд, дар воқеъ касе гумон надошт, ки чунин одамкушӣ бо бераҳмии махсусро як зан, ки худ низ модари ду фарзанди хурдсол аст, содир карда бошад. Аммо далелҳои шайъии ёфтшуда, аз ҷумла корд ва тағораи саршӯии кӯдакон, ки қотил ҷасади Шарифаи Маъсумро то рехта, тамом шудани хуни баданаш дар дохили он нигоҳ доштааст, далелҳоест, ки ба даст доштани ин ҷавонзан дар ин ҷинояти гӯшношунид ишора мекунанд.
Дар рафти тафтиш маълум шуд, ки Манижа Эмомализода бо нияти дуздӣ ба хонаи Зарифа Ашӯрова ворид шуда, ҳангоми дуздӣ ба дасти соҳибхона афтодааст. Эмомализода барои онки кирдораш дар байни ҳамсояҳо овоза нашавад, барои аз ёду хаёли зани ҳамсоя бурдани дуздиаш нақшаи ҷинояти махсусан вазнинро тарҳрезӣ карда, духтарчаи сесолаи зани ҳамсоя Шарифа Абдуллозодаро бо роҳи фиреб ба хонаи худ бурдааст ва дар дохили ҳаммом бо корд ба гардани кӯдак ду зарба зада, ӯро ба ҳалокат расондааст.
Худи Манижа Эмомализода дар дохили ҳаммоми хонааш ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кард:
– Аз даҳонаш қапидаму як корд задам. Баъде ки дуюмбора корд задам, ҷонаш баромад.
– Хуни кӯдак дар куҷо рехта буд?
– Хун фақат дар даруни тағораву ягон-ягон дар деворҳои ванна.
– Баъде ки куштед, чӣ кор кардед?
– Рафта, латта овардам, болояшро бо латта пӯшондам ва бурда, дар партовгоҳ партофтам…
Ҳоло тафтиши ин парвандаро додситонии ноҳияи Рӯдакӣ пеш мебарад. Шамсиддин Раҷабов, муфаттиши аршади додситонии ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд: “10 ноябри соли 2023 вобаста ба ин ҳолат нисбат ба гумонбаршуда Эмомализода Манижаи Шералӣ бар асоси моддаи 104, қисми 2, банди “в” Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шуд. Гумонбаршуда худи ҳамон рӯз дастгир гардида, нисбат ба ӯ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шудааст”.
Манижа Эмомализода нафақат тифли бегуноҳи ҳамсояро аз ҳаёт маҳрум кард, балки ду тифли хурдсоли худро низ барои солиён аз меҳри модарӣ бенасиб гардонд. Барои қатли тифли хурдсол бо бераҳмии махсус ба ӯ ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.
Дар Тоҷикистон аз соли 2004 болои судур ва иҷрои ҳукми қатл мораторий ҷорӣ карда шудааст. Вале вақтҳои охир дар пайи ҳар чунин ҷиноятҳои хеле вазнин, бахусус қатл ё таҷовузи кӯдакони хурдсол, дар ҷомиаи Тоҷикистон даъватҳо ҷиҳати барқарор кардани ҳукми қатл барои чунин ҷиноятҳои ваҳшатбор баланд мешаванд.

