ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАРОИ МУЛОҚОТ БО ПУТИН БА МАСКАВ МЕРАВАД

Кремл расман хабари ҳафтаи оянда бо сафари расмӣ ба Маскав ташриф овардани президенти Тоҷикистонро тасдиқ кард. Дмитрий Песков рӯзи 16 ноябри соли 2023 дар посух ба суоли журналистон дар брифинг гуфт: “Бале, дар ҳақиқат, дар ҳафтаи оянда сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав барномарезӣ шудааст”.

Ӯ дар бораи барномаи ин сафар маълумоти дигар надод.

 Қаблан Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон ба журналистон хабар дод, ки “Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21-22 ноябр бо сафари расмӣ аз Маскав боздид мекунад”.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни ин сафар мулоқоти якбаяки Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин, ҳамчунин музокироти ҳайъатҳои расмии ду кишвар баргузор шуда, бар асоси натиҷаҳои ин музокираҳо имзои санадҳо низ пешбинӣ шудааст. Дар бораи ин ки чӣ санаду созишномаҳое, қарор аст, байни Русияву Тоҷикистон имзо шавад?, чизе гуфта нашудааст.

Русия яке ажз шарикони муҳим ва стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад. Соли 2022 ҳаҷми тиҷорати байни ду кишвар қариб 24% афзуда, ба 1,7 миллиард доллар наздик шуд. Душанбе ва Маскав мехоҳанд дар соли 2023 ин нишондиҳандаро ба 2 миллиард доллар бирасонанд.

Омили дигари муҳим дар равобити Тоҷикистону Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон, ё тақрибан чоряки тамоми аҳолии қобили кори ин кишвар аст, ки ҳар сол барои таъмини зиндагии хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Пулҳое, ки муҳоҷирони тоҷик аз Русия мефиристанд, солона аз 2 то 4 миллиард долларро ташкил дода, як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Аммо вақтҳои охир, аз ҷумла ба далели фишори ҷанги миёншикани Русия ба зидди Украина, дар Русия фишорҳо болои муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла болои муҳоҷирони тоҷик афзудааст. Дар даҳҳо минтақаи Русия муҳоҷиронро аз ҳаққи кор дар бисёре аз соҳоти нисбатан пурдаромади иқтисоди Русия, ба мисли савдо, мусофиркашонӣ ва амсоли ин маҳрум карда истодаанд.

Ҷанги зидди Украина нафақат Русия, балки худи Путинро низ дар инзивои байналмилалӣ қарор додааст ва мулоқоту музокираҳои ӯ дар тақрибан ду соли охир танҳо бо дидорҳо бо роҳбарони бархе кишварҳои Шӯравии собиқ ва қораи Африқо ва Хитой, ки Путин ахиран аз пойтахти ин кишвар боздид кард, маҳдуд шудааст.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон  ҳамчунин ба журналистон хабар дод, ки дар пайи сафари расмиаш ба Маскав, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар саммити сарони кишварҳои узви ОДКБ (Паймони амнияти дастаҷамъӣ) роҳии Минск мешавад. Қарор аст, рӯзи 23 ноябр дар Минск таҳти раёсати президенти Беларус Александр Лукашенко ҷаласаи Шӯрои ОДКБ доир шавад. Дар ин саммит Путин низ иштирок мекунад.

Ахиран хабар расид, ки ОДКБ алакай як бастаи бузурги кумакҳои ҳарбӣ барои Тоҷикистон барои таҳкими марзҳояш бо Афғонистонро таҳия кардааст. Баррасии ин бастаи кумакҳо аз соли 2011 ба ин тараф идома дошт, вале ин раванд танҳо баъди соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст овардани ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон  ранги ҷиддитар ва суръати бештар гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button