ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ СОҲИБКОРРО БА МАБЛАҒИ НИМ МИЛЛИОН ФИРЕБ ДОДААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 15 ноябри соли 2023

Боздошт гардидани марди қаллоб

146

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда, дар ду ҳолат тахминан моҳҳои август ва сентябри соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии мардони 48 ва 39-солаи сокинони шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат даромада, аз онҳо як миқдор маҳсулоти сантехникӣ, атриёт ва хамираи дандоншӯиро ба маблағи 502 ҳазору 330 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба онҳо манзили истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол на маблағ ва на манзили истиқоматиро надодааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

158 2

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 47-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки марди 36-солаи сокини ноҳияи Восеъ, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқаш 13 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Гумонбаршаванда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 13-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 14:30-дақиқа, ҳангоми дар назди истгоҳи кӯчаи С.Шерозӣ қарор доштанаш, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳаммаслакаш “Баҳодур“ ном шахс, бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби зани 31-солаи сокини пойтахт ҳамёнашро бо маблағҳояш ва кортҳои бонкии «Амонатбонк» ва Эсхата» дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button