4 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ХАТАРИ ТАРКИШИ МОШИНИ ГАЗ БАРТАРАФ ВА ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД БОЗ ШУД
Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS), ки асъулияти нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқро дар даст дорад, шоми 15 ноябри соли 2023 хабар дод, ки хафви таркидани мошини газ, ки дар километри 27- уми роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ба садама дучор шуда буд, бартараф гардид ва ба ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути ин шоҳроҳи ягонаи байни шимол ва маркази Тоҷикистон иҷозат дода шуд.
IRS ба ронандагону мусофирон барои дарки моҳияти тасмими муваққатан манъ намудани равуои мошинҳо ва ҳамдигарфаҳмии комил дар ин масъала изҳори сипос кардааст.
Ширкат иловатан бо нашри чанд акс аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки гази моеъ аз мошине, ки дучори садама шуд, ба мошинҳои дигар интиқол додаанд.
IRS нимаи дуюми рӯзи 15 ноябри соли 2023, соати 14:30 эълон кард, ки чанд лаҳза пеш дар километри 27-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ як мошини боркаши барои интиқоли газ пешбинишуда ба садама дучор гардидааст.
Бо назардошти он ки хафви таркидани автомобили мазкур вуҷуд дошт, дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор ҳаракати нақлиёт тавассути ин шоҳроҳ муваққатан манъ карда шуд.
Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо марказ ва дигар минтақаҳои ин ҷумҳурӣ мепайвандад. Роҳи дигари алтернативӣ ба ин вилоят аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон буда, хеле тӯлонитар аст ва ҳамчунин дастикам ду маротиба убуру мурур аз марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистонро ба ҳамроҳ дорад.
Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бар пояи қариб 300 миллион доллар қарзи Хитой бозсозӣ шуда, соли 2009 пулакӣ карда шуд. Ҳамон вақт масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар ин шоҳроҳро ба ширкати ноошнои IRS, ки дар як минтақаи оффшорӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон сабти ном шудааст, супурданд. Бархе манобеъ мегӯянд, соҳиби ин ширкат Ҷамолиддин Нуралиев, домоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шавҳари Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст. Худи Нуралиев инро рад мекунад.