ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СОКИНИ БӮСТОН БА ТАХТАПУШТИ ҲАМСАРИ СОБИҚАШ ЧОР ЗАРБАИ КОРД ЗАДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 14 ноябри соли 2023

Авбошӣ ҳангоми мастӣ

132

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. Номбурда, шоми 8-уми августи соли 2023, тахминан соати 20:30, дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҳолати мастӣ бо собиқ ҳамсари худ зани 32-солаи сокини шаҳри Бӯстон, бе ягон сабаб ҷангу ҷанҷол намуда, нисбаташ суханҳои қабеҳ гуфта, бо корди хоҷагӣ чор маротиба ба қисмати тахтапушташ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби чунин ҳамлаи хушунатомези ин сокини Бӯстон ба ҳамсари собиқаш дар хабари ВКД гуфта нашудааст.

Содир намудани кирдорҳои қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

123

Ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 11-уми январи соли 2019, марди 34-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 240 ҳазору 600 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои навбунёд дар шаҳри Душанбе манзили истиқоматӣ дар ҳаҷми 77 метри мураббаъро ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммоба ваъдааш наистода, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ, дастгир карда шуд. Номбурда, соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 51-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, 250 ҳазор сомониашро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани нафарони ҷинояти дуздӣ содирнамуда

157

Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза пиразани 71-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи деҳаашон 4 сар чорвои майдаи шохдорро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро мардони 34 ва 39-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки 29-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 12:00, ҳангоми дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-7» ва аз дохили ҳамёни электронии он 7 ҳазору 610 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29 ва ноболиғи 14-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button