СЕ КУШТА ВА ДУ ЗАХМӢ: САДАМАИ ПУРҚУРБОНИИ МЕҲМОНОН АЗ ӮЗБЕКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 12-уми ноябри соли 2023 дар як садамаи пурқурбонӣ дар шоҳроҳи дар ҳудуди ноҳияи Деваштич ронандаи “Опел” ва ду мусофираш: занони меҳмон аз вилояти Андиҷони Ӯзбекистон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду зани дигари меҳмон аз Андиҷон ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.
Бино ба иттилои ВКД, 12-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 17:20, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Ашӯров Қобилҷон Отамуродович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд дар роҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” дар ҳудуди ноҳияи Деваштич, ҳангоми сабқат (обгон) ба мошини боркаши тамғаи “ДАФ FX-105”, таҳти идораи Шаҳидов Билолиддин Шамсиевич, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Варзоб бархӯрда, самти ҳаракаташро гум карда ба тарафи рости роҳ баромадааст ва мошинашро ба чуқурии канори роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронандаи “Опел” Ашӯров Қ.О. ва мусофирони мошини мазкур Юнусова Маҳлиё, соли таваллудаш 1988 ва Хоҷибекова Ҷумагул Абдусаидовна, соли таваллудаш 1990, сокинони ноҳияи Янгиободи вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари ин мошин: Хоҷибекова Зарофат Абдусаидовна, соли таваллудаш 1980 ва Юнусова Фароғат Абдусатторовна, соли таваллудаш 1984, низ сокинони ноҳияи Янгиободи вилояти Андиҷон, бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Ҳамчунин 13-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 13:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Вектра” Ҳоҷизода Қаҳрамон Ҳоҷӣ, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд пиёдагард Қурбонов Абдухалил, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Мастчоҳро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Қурбонов А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.