МЕГӮЯНД, КИ ПАРӢ ДОРАД… МАРДЕ, КИ ДАР ҲАҶ “РОҲГАРДОН” ШУД, РӮЗОНА САРИ ЗОНУҲОЯШУ ШАБҲО БО ПОЙҲОЯШ РОҲ МЕГАШТААСТ (ВИДЕО)
Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ як видео дар бораи сафари Ҳаҷҷи як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бо номи Муҳаммадкарим нашр шуд ва дар ин видео иддао мешуд, ки гӯё ин мард қабл аз сафари Ҳаҷ 18 соли тамом сари зону ҳаракат мекарду бо пойҳои худ роҳ гашта наметавонист, вале дар ҷараёни сафари Ҳаҷ бо қудрати Худо дубора роҳгардон шудааст.
Дар навор дида мешуд, ки марде дар байни зоирони роҳии Ҳаҷ сари зонуҳояш ба пилаҳои ҳавопаймо мебарояд ва ҳамин тавр баъди расидан ба Арабистони Саудӣ сари зонуҳояш аз ҳавопаймо мефарояд. Дар идомаи видео ӯ дар масҷиди Набавӣ, дар шаҳри Мадина роҳат қадам мезанад ва ҳатто ҷастухез мекунад ва гуфта мешавад, ки ин мард пас аз 18 соли беморӣ бо шарофати тавофи хонаи Худо шифо ёфтааст.
Ин навор мавҷи вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Бархе ба чунин сурати мӯъҷизаосо шифо ёфтани ин мардро зери шубҳа ва боварнокарданӣ мехонданду бархеи дигар инро боз як мӯъҷизаи илоҳӣ номида, аз бақия даъват мекарданд, ки ба қудрати Парвардигор шак наоранд.
Хабаргузории “Азия Плюс” рӯзи 15 ноябри соли 2023 хабар дод, ки ин мард Каримхӯҷа Темуров ном ва 70 сол дошта, сокини деҳаи Максим Горкийи ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ будааст.
Як манбаъ аз ҷамоати Яккатут ба “Азия-Плюс” гуфтааст, Каримхӯҷа Темуров оиладор ва соҳиби 4 фарзанд буда, баъд аз 50-солагӣ ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудааст.
“Темуров дар қайди беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳия аст. Ӯ рӯзона бо зонуҳои худ ва шабона бо пойҳояш роҳ меравад. Ба гуфтаи худаш, ӯ парӣ дорад ва ҳамон париҳо намегузоранд, ки рӯзона бо пойҳояш роҳ равад. Дар асл, ӯ худаш ин корро мекард”, – гуфтааст ҳамсӯҳбати “Азия Плюс”.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Темуров дар ҳақиқат рӯзҳои 10-24-уми октябри соли ҷорӣ ба Ҳаҷҷи умра рафтааст ва ба далели бемории доштааш, рӯзона бо зону ва шабона бо пой роҳ рафтааст. Ин барои ҳамроҳоне, ки бемории вайро намедонистаанд, боиси таваҷҷӯҳ шудаасту онро навор бардошта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун нишонаи ба таври мӯъҷизавӣ дар Ҳаҷ шифо ёфтани ӯ нашр кардаанд.
Ҳамсуҳбати “Азия Плюс” гуфтааст, ки Каримхӯҷа Темуров ҳоло дар хонааш қарор дорад ва ҳамон бемории доштааш боқӣ мондааст. Ба гуфтаи ӯ, баъди нашри навор кормандони бахши дин ва шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия бо Каримхӯҷа Темуров ҳамсӯҳбат шудаанд.
Абдухолиқ Мӯсозода, ҷонишини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва навбатдории ШВКД-и ноҳия дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки “бо номбурда ҳамсӯҳбат шуда, кирдори хатои кардаашро фаҳмонидаанд”.
“Кормандони мо ба хонаи ҳамон бемор рафтанд, ҳоло ҳам шабона бо пойҳову рӯзона бо зонуҳояш роҳ меравад. Бемор гуфтааст, ки “дар Маккаву Мадина париҳо аз ман дур шуданд, вале ба ватан баргаштаму париҳо боз баргаштанд”, – гуфтааст Мӯсозода.
Дар қисми навбатдории шуъбаи милитсияи ноҳияи Ҷомӣ гуфтаанд, “дар навор ҳам дида мешавад, ки он мард дар шаҳри Мадина, чун маъмул, шабона бо пойҳояш роҳ рафтааст ва ҳоло вазъи саломатиаш чун пештара аст”.
Худи Каримхӯҷа Темуров ва наздикони ӯ ва табибони ноҳияи Ҷомӣ, аз ҷумла табибони бемориҳои руҳӣ, ки Темуров таҳти табобати онҳо қарор дорад, ин қазияро то ҳол ягон шарҳ надодаанд.