ХАБАРИ ТАЪҶИЛӢ! САДАМАИ ЯК МОШИНИ ГАЗ ВА ХАТАРИ ТАРКИШ ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД
Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS) рӯзи 15 ноябри соли 2023, соати 14:30 эълон кард, ки чанд лаҳза пеш дар километри 27-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ як мошини боркаши барои интиқоли газ пешбинишуда ба садама дучор гардидааст.
Бо назардошти он ки хавфи таркидани автомобили мазкур вуҷуд дорад, дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор ҳаракати нақлиёт тавассути ин шоҳроҳ муваққатан манъ карда шуд.
Гуфта мешавад, кормандони ин ширкат, ки масъулияти нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқро дар даст дорад, тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, то хавфи ба амал омадани таркиш пешгирӣ гардад.
IRS гуфт, баробари бартараф шудани хавфи зикршуда, ҳатман иттилоъ хоҳем дод.
Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо марказ ва дигар минтақаҳои ин ҷумҳурӣ мепайвандад. Роҳи дигари алтернативӣ ба ин вилоят аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон буда, хеле тӯлонитар аст ва ҳамчунин дастикам ду маротиба убуру мурур аз марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистонро ба ҳамроҳ дорад.
Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бар пояи қариб 300 миллион доллар қарзи Хитой бозсозӣ шуда, соли 2009 пулакӣ карда шуд. Ҳамон вақт масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар ин шоҳроҳро ба ширкати ноошнои IRS, ки дар як минтақаи оффшорӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон сабти ном шудааст, супурданд. Бархе манобеъ мегӯянд, соҳиби ин ширкат Ҷамолиддин Нуралиев, домоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шавҳари Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст. Худи Нуралиев инро рад мекунад.