ГУНАҲГОРОНИ БЕГУНОҲ: ПАРВАНДАҲОИ ТАҶОВУЗУ БАДАХЛОҚӢ БА ЗИДДИ МУҲОҶИРОНРО КӢ МЕБОФАД? (ВИДЕО)
Аз Русия қариб ҳар рӯз дар бораи боздошти муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, бо иттиҳоми сангини бадахлоқиҳои ҷинсӣ ё таҷовуз ба номус хабарҳо ба даст мерасанд. Сархатти хабарҳои расонаҳои Русия моломоли сарлавҳаҳои бадвоҳимае, ба мисили “Муҳоҷири кампири 76-соларо таҷовуз кардааст”, “Муҳоҷир ба номуси духтарандари 12-сола аз зани русаш расидааст” мебошанд. Ё ин сарлавҳаи ҳамин чанд рӯзи охир: “Муҳоҷир дар дохили ҳавопаймои Сургут Петербург нисбат ба як духтарчаи 9-сола бадахлоқӣ кардааст”. Дар дохили ҳавопаймо, ки ҷое барои ягон кори пинҳон кардан нест, ҳама кори кас дида мешавад!
Ва ҳар дафъа баробари дар матбуот пайдо шудани чунин сарлавҳаҳои бадвоҳима сардори Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрики, ки бо бадбинии қариб девонавор, яъне маниакалиаш нисбат ба муҳоҷирон ном баровардааст, тафтиши чунин парвандаҳоро зери назорати худ мегирад.
Дар мавриди хабари гӯё ба як духтари 15-сола дар Сургут қасди дастдарозӣ кардани як ронандаи такси аз Тоҷикистон низ чунин шуд. Рӯзи 7 ноябри соли 2023 як канали миллатгароён дар шабакаи Телеграм бо номи “Русская Община ZOV” иддао кард, ки таксирони тоҷик нисбат ба духтари рус чунин бадрафторӣ кардааст ва Бастрикин билофосила “мана ман!” гуфта, ин парвандаро ҳам зери назорати худ гирифт.
“Сардори Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин аз ин ҳодиса хабар ёфта, ба раёсати тафтишоти минтақа амр дод, ки ин ҳодисаро бисанҷанд. Сардори раёсати тафтишоти минтақаи Югра Михаил Мокшин бояд ба Бастрикин дар бораи натиҷаҳои таҳқиқ ҳисобот диҳад “, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.
Канали миллатгароён иддао дорад, ки гӯё ҳанӯз дар поёни моҳи июлои соли 2023 як муҳоҷир аз Тоҷикистон, ки дар Сургут таксиронӣ мекунад, бо духтарчаи ноболиғ ҳаргуна суҳбатҳо карда, дасти ӯро бӯсидааст.
“Таксист аз Осиёи Миёна ҳангоми сафар ба кадом сабабе бо кӯдаки 15-сола дар бораи маъшуқаи русаш, ки гӯё “нуқтаи заъфаш ишқварзӣ буду марди хунгармро мехост” нақл кардааст. Ба гуфтаи хонандаи мактаб, баъди онки ӯ ба ронандаи такси як қисми пулашро дод, ронанда аз дасти дузтар дошта, онро бӯсидан гирифтааст. Духтар худашро халос карда, гурехтааст”, – чунин нақл кардааст ҷараёни қазияро канали “Русская Община ZOV”. Бино ба иттилои ин канал, духтар суҳбатҳои ронандаи таксиро дар телефонаш сабт карда, ба падару модару худ фиристодааст ва вақте ронанда духтарро то ҷои гуфтааш овард, роҳи ӯро дар онҷо падару модари духтар алакай мепоиданд ва пулисро даъват карда, ронандаро ба дасти мақомот супурдаанд.
Канали миллатгароён видеоеро низ нашр кард, ки падари духтар сабт кардааст. Дар ин сабт, духтар иддао мекунад, ки ронанда нисбат ба вай бадрафторӣ кард, вале ронанда ба Худо қасам мехӯрад, ки чунин кореро накардааст ва ин ҳама дар ҳаққи ӯ туҳмат аст.
“Русская Община ZOV” аз он изҳори хашм кардааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин моҷаро тарафи ронандаи такисро гирифта, вайро баъди пурсуҷӯ ҷавоб додаанд ва инак, бо гузашти беш аз се моҳ “мақомоти шуъбаи №1 пулис сарсахтона дар мавриди ин парванда ба даҳон об гирифтаанд ва таксисти гумонбаршуда ҳамчунон кор карда истодааст”.
Вале алакай як рӯз баъди ин ҳама ғавғо пиромуни “ба номуси духтари рус расидани таксисти муҳоҷир”, нашрияи чопи Нижневартовск “Город3466” бо такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи Югра хабар дод, ки асли гап комилан дигар будааст.
“Онҷо дар асл ҳақиқати ҳодиса назар ба тасвири „Русская община“ комилан фарқ мекунад. Ин кор тобистон рух додааст. Духтар аз ронандаи такси синни ҳақиқии худро пиншон дошта, дурӯғ гуфтааст, ки падараш мурдааст ва аҳволаш хеле бад аст. Ӯ ин дурӯғҳоро барои он гуфтааст, ки пули роҳро надиҳад”, — нақл кардааст манбаи ин нашрия.
Ин манбаъ афзудааст, ки ронандаи тоҷик духтарро падарона ба оғӯш гирифтааст, то ки оромаш кунад, ягон қасду нияти бад надоштаст. Ҳамсуҳбати “Город3466” ҳамчунин нақл кардааст, ки духтар ва падару модари ӯ дар бораи ин ҳодиса дар ягон ҷо ҳарф ҳам намезаданд, вале ахиран як шиноси духтар ба гуруҳи миллатгарои “Русская община” пайваста, ба онҳо хабар додааст, ки гӯё як муҳоҷир бо духтари рус чунин рафтор кардааст.
Бо ҳамин ин парвандаи навбатии пурвоҳимаи “ба номуси духтари рус дастдарозӣ кардани муҳоҷир”, ба қавли тоҷикҳо, титу пит шуд ва ронандаи тоҷик бегуноҳ баромад.
Вақте ки ин таксисти тоҷикро ба бадахлоқӣ гунаҳкор карданд, Бастрикин худи ҳамон рӯз тафтиши парвандаро зери назорати худ гирифт. Вале аз нашри хабари бегуноҳии таксисти тоҷик, инак, Як ҳафта мегузарад, вале ин мансабдори муҳоҷирбадбини рус то кунун ба он вокунише накардааст. Маълум нест, ки оё ӯ ин парвандаро ҳамчунин “зери контрол” нигоҳ доштааст ваё, ба ҳар сурат, ҳадди ақал дар пеши виҷдони худаш кам-кам шарм ҳам мекунад?