ДАР ДУШАНБЕ ЯК ДУХТАРИ НӮҲСОЛАРО АЗ ДОХИЛИ ХОНАИ ДАРБАСТА НАҶОТ ДОДААНД
Кормандони воҳиди зудамали наҷотдиҳии раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе дари манзилеро, ки дар дохилаш як духтарчаи хурдсол дармонда буд, кушодаанд.
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 15 ноябри соли 2023 хабар дод, ки ба қисми навбатдории Кумита доир ба ин ҳодиса як ҷавонзани сокини пойтахт занг задааст. Ӯ хабар додааст, ки ба хонаи худ дар бинои бисёрқабатаи № 38/1 дар кӯчаи Мирзо Турсунзода ворид шуда наметавонад. Ба гуфтаи ӯ, духтарчаи нӯҳсолааш дар даруни хона дармондааст, вале қуфли дар аз кор баромадааст ва ӯ дарро кушода, баромада наметавонад,
Наҷотбахшон ба ҷои ҳодиса омада, дари ин хонаро кушодаанд. Тифле ки дар дохили хона дармонда буд, ба кумак эҳтиёҷ надошт.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо волидони ин кӯдак суҳбати профилактикӣ анҷом дода, аз онҳо хостаанд, ки минбаъд фарзандони худро беназорат нагузоранд.