ҲАЛОКАТИ СЕ ПИЁДАГАРД ВА ЯК МУСОФИР ДАР ЧОР САДАМАИ РӮЗҲОИ 9-11 НОЯБР
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои 9-11 ноябри соли 2023 дар 4 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 4 нафар, аз ҷумла як мусофир ва се пиёдагард, бо шумули як ҷавонзани 25-сола ва як кӯдаки 8-сола ба ҳалокат расида, ду мусофири дигар маҷруҳ шудаанд.
Аз ҷумла шоми 9-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 19:00, ронандаи мошини тамғаи “Дэу-Эсперо”, Азимов Ҳасан Эмомхоҷаевич, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Роғун ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Мерседес” таҳти идораи Аҳлиддинов Солеҳҷон Исмоилович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Лахш, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири мошини “Дэу-Эсперо” Эмомзода Хайриддин, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Рашт, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофирони дигари дохили мошини мазкур Шарипов Нақиб, соли таваллудаш 2006 ва Шарипов Абдурашид, соли таваллудаш 1990, сокинони ноҳияи Рашт, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Боз ҳам шоми 9-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 18:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Муродализода Мансур Муродалӣ, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Олимов Худойдод Шералиевич, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Олимов Х.Ш. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
10-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 12:00, ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Кемри», Эшбобоев Собирҷон Муҳаммадиевич, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Панҷакент-Суғдиён” дар ҳудуди деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Косатарош аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, зани пиёдагард Худойбердиева Орзугул Низомиддиновна, соли таваллудаш 1998, сокини ҳамин ҷоро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ва субҳи 11-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 09:10, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Иброҳимзода Ёрмаҳмади Шафеъ, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Ваҳдат-Душанбе”, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Мавлавии ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Малиқулов Меҳроб Исматуллоевич, соли таваллудаш 2015, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки шоми 8 ноябри соли 2023 дар байни ҳамагӣ се соат бар асари се садамаи марговар дар ҳудуди вилояти Суғд 6 нафар ба ҳалокат расида, дастикам 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.