5 ЗАН, 7 ХОНА, 1400 САР ЧОРВО, 91 САР АСПУ 19 УШТУР… МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 300 КИЛО ҲЕРОИН АЗ НАРКОМАФИЯИ АННА-ЧОВАНДОЗ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон бо нашри як гузориши вижаи телевизионӣ аз мусодираи беш аз 300 кило маводи мухаддири сахттаъсири ҳероин ва боздошти 7 узви гуруҳи қочоқбари фаромиллӣ ба раҳбарии Ҳамроев Азамат, соли таваллудаш 1964, сокини деҳаи Юлдош Ашӯров дар канори шаҳри Турсунзода, ки қаблан Болтаев Анна Ҳамроевич ном дошт ва бо лақаби Анна-Човандоз маъруф аст, хабар дод. Аъзои ин шабакаи наркомафия маводи мухаддирро дар як устохонаи махсус бо истифода аз таҷҳизоти вижа дар дохили полиэтилен чунон пресс карда, ҷо мекарданд, ки он ба тахтапора монанд мешуд ва ягон саги бӯгир ё таҷҳизоти ҷӯяндаи маводи мухаддир онро пайхас намекард, чунки бӯяш аз дохили полиэтилен аслан берун намеомад.
Гуфта мешавад, аъзои ин наркомафия дар умум беш аз якуним тонна маводи мухаддирро ба Русия интиқол дода, аз ҳисоби фурӯши он соҳиби сарвату дороиҳои зиёд шудаанд. Аз ҷумла наркобарон Анна-Човандоз соҳиби 5 зан, 7 манзили истиқоматӣ, чанд рамаи дар маҷмӯъ иборат аз 1200 сар чорвои хурд, 91 сар асп, аз ҷумла 15 сар аспи бузӣ, 19 уштур, 11 мошини сабукраву боркаш, 6 фермаи чорводорӣ дар Турсунзодаву Шаҳритӯс, қариб 6 ҳазор гектар замин, 7 бинои сохтмонаш нотамом, ду мағозаи фурӯши либос ва як мағозаи фурӯши ҷавоҳироти тиллоӣ, 15 кило тилловорӣ доштааст. Анна-Човандоз ҳамчунин дар ҳудуди шаҳрҳои Тверу Қазони Русия як ферма бо 200 сар чорвои калон ва 5 қассобхона, дар Ӯзбекистон як корхонаи ламинат ва манзили пуршукӯҳу гаронбаҳо доштааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, нӯги гиреҳи фаъолияти ин шабакаи бузурги қочоқбар вақте кушода шуд, ки 25 августи соли 2023 кормандони ВКД Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти Русия сокини шаҳри Душанбе Маҳмадалӣ Комилов, соли таваллудаш 1987-ро бо 55 кило ҳероин ба даст афтонданд. Тафтиш нишон додааст, ки ин маводи мухаддири ёфтшуда танҳо як қисм аз беш аз 200 кило ҳероинест, ки як шабакаи қочоқбар аз Тоҷикистон ба Русия фиристодааст. 150 килои боқимондаи ҳероинро қочоқбарон алакай фурӯхта будаанд.
Тафтиши минбаъда нишон додааст, ки ин шабакаи қочоқбари иборат аз беш аз 10 нафарро Анна-Човандоз ташкил дода, раҳбарӣ мекард ва онҳо дар тӯли беш аз 10 соли охир бо қочоқбарон дар Афғонистон иртиботи наздик барқарор карда, пайваста ба кишварҳои дигари СНГ, асосан ба Русия маводи мухаддири ба истилоҳ “афғонӣ”, яъне ҳероин, афюн, чарс (ҳашиш) мебурдааанд. Онҳо маводи мухаддирро тавассути қаторҳои роҳи оҳан ва мошинҳои боркаш дар дохили меваҷот ҷой карда, ба кишварҳои дигар интиқол медодаанд.
Худи Анна-Човандоз, ки ҳанӯз боздошт нашудааст ва дар ҳоли фирор қарор дорад, барои шарҳи мустақими ин қазия дастрас нест, вале ВКД гуфт, ки ӯ соҳиби 5 зан ва шаҳрванди ҳам Тоҷикистону ҳам Русия будааст.
Рӯзи 18 октябри соли 2023 як узви фаъоли наркомафияи Анна-Човандоз – сокини деҳаи Боғистон дар канори шаҳри Ҳисор Зокиров Довудхон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1969, дастгир гардида, аз дохили махфигоҳ дар хонаи як хеши ӯ боз 308 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 281 кило ҳероин ва 27 кило ҳашиш (чарс) ёфт ва мусодира карда шудааст. Довудхон Зокиров як узви калидии ин наркомафия ба шумор мерафт. Ӯ дар хонааш устохонае сохта буд, ки дар он ба воситаи таҷҳизоти махсус маводи мухаддирро бастабандӣ карда, дар дохили полиэтилен чунон мепечонданд, ки ба тахтапора монанд мешуд ва бӯяш ҳам намебаромад. Ба ин сабаб, ҳатто сагони бӯгир ва якон сканеру рентген маводи мухаддири бо чунин усул бастабандӣ кардаи Довудхон Зокировро намеёфт. Ӯ дар гузориши нашршуда эътироф кард, ки аз Анна-Човандоз барои хидматҳояш 60 ҳазор доллар ҳаққи хидмат гирифтааст.

Танҳо маводи мухаддири ёфтшуда аз ин наркомафия ҷамъан 363 кило, аз ҷумла 336 кило ҳероин ва 27 кило ҳашишро ташкил дода, дар умум дар чанд соли охир аъзои ин шабака ба Русия беш аз якуним тонна маводи мухаддирро интиқол додаанд. Ҳоло нисбат ба Анна-Човандоз ва ҳамдастонаш бар асоси қисми чоруми моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба миқдори махсусан бузург аз сӯи гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.
Тафтиши ин парвандаро ВКД ва КДАМ муштаракан зери назари Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом медиҳанд. То имрӯз 9 узви ин наркомафия муайян ва 7 тани онҳо дастгир шудаанд, вале худи Анна-Човандоз дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дошта, боздошт нашудааст.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст.
Аммо дар ин қазияи ахир як чиз рӯшан нест, ки чаро бо онки як шабакаи бузурги наркомафия беш аз 10 сол боз фаъолият дошта, соҳиби ин қадар хонаву мошину чандин рама шудааст ва мақомот танҳо акнун фаъолияти онро тавонистаанд ошкор кунанд? Ва он ҳам дар Турсунзода, ки ба далели наздикиаш ба марзи Ӯзбекистон моломоли кормандони ниҳодҳои мухталифи қудратист?
Ба болои ин, наркобарони асосӣ чӣ гуна тавонистааст ба осонӣ ному насабаш аз Анна Болтаев ба Азамат Ҳамроев иваз карда, соҳиби шиносномаи нав ҳам шавад?

