ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОШКОР ШУДАНИ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 720 ҲАЗОР СОМОНӢ ВА СЕ ДУЗДӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 13 ноябри соли 2023

Содир намудани қаллобӣ бо баҳонаи соҳибкорӣ

03

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2021, марди 29-солаи сокини ноҳияи Фархор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои рушди соҳибкорӣ 720 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 36-сола бо ҷурми дуздии телефони мобилӣ

40

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ба ҳайси нонпази нонвойхона фаъолият намуда, 25-уми октябри соли 2023, тахминан соати 00:30-дақиқа, дар ҷойи кориаш бо роҳи пинҳонӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-Галакси-С-9», ки ба марди 41-солаи сокини ноҳияи Ашт, соҳибкори инфиродӣ тааллуқ дорад, дуздидааст.

Зарари расонидашуда 6 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ду ҳолати дуздӣ аз дохили автомашина

12

Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 4-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 22:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш ҳуҷҷатҳояшро, ки арзиши умумиашон 5 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Фархор бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун бо ариза марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат кардааст, ки 11-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 13:10-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсияш тамғаи “Хундай-Портер”, ки дар назди хонааш беназорат меистод, 4 ҳазору 590 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button