
Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 10 ноябри соли 2023 дар як ҷаласа аз нарх ва сифату суръати таъмини шаҳрвандон бо алоқаи мобилӣ ва Интернет норозигӣ карда, аз ширкатҳои мобилӣ ва дастраскунандагони Интернет ислоҳи ин вазъро тақозо кардааст. Дар се ҳафтаи охир ин алакай сеюмин ҷаласаи Бег Сабур бо масъулони соҳаи алоқа ва намояндагони ширкатҳои мобилу провайдерҳо, бонкҳо ва ширкати “Барқи Тоҷик” буда, чунин ба назар мерасад, ки Бег Сабур ҷиддан дар пайи ислоҳи вазъ дар соҳаи алоқаи ҷумҳурӣ шудааст. Бег Сабур, ки қудои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, аз соли 2003, инак 20 сол боз роҳбарии соҳаи алоқаи ҷумҳуриро дар даст дорад ва то кунун барои беамалиаш дар ин мақом ва табдили ин идора ба як филиали ширкати хонасозиву хонафурӯшиаш танқид мешуд.
23 декабри соли 2022, дар паёми солонааш худи Эмомалӣ Раҳмон низ Бег Сабурро аз ҷояш хезонда, барои сифати бади Интернет ва алоқаи мобил бо боди шадиди интиқод кашид ва барои ислоҳи камбудиҳо вақташ дода буд.
Бар илова, вақтҳои охир сокинони Тоҷикистон аз он зиёд шикоят мекунанд, ки дар манотиқи рустоӣ баробари қатӣ шудани интиқоли нирӯи барқ антеннаҳо, яъне мавҷгирҳои ширкатҳои мобилу Интернет низ хомӯш мешаванд ва дар натиҷа, нафақат дастрасӣ ба Интернет, балки ҳатто занг задан бо телефони мобил ба як амри маҳол табдил меёбад. Ёдовар мешавем, ки аз поёни моҳи сентябр ба ин тараф дар Тоҷикистон лимити шадиди нирӯи барқ ҷорӣ шуда, ба ҷуз аз чанд шаҳри бузург ва вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки шабакаи таъмини барқаш аз ширкати “Барқи Тоҷик” ҷудост, дар боқӣ манотиқи кишвар ба аҳолӣ ва корхонаҳо дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ медиҳанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 10 ноябр дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа ҷаласаи масъулини соҳаи алоқа, намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернет, бонкҳо ва “Барқи тоҷик” бо мақсади иҷрои супориши президент Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2022 ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар ва фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” доир шуд.
Гуфта мешавад, дар ҷаласаи навбатӣ рафти корҳои амалӣ дар самти таҳкими дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, бартараф намудани монеаҳои мавсимии алоқа дар фасли сармо ва шароит фароҳам овардан ба хотири анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ки дар вохуриҳои гузашта муқаррар гардида буд, баррасӣ шуда, бо мақсади муштаракан бартараф намудани мушкилоти ҷорӣ табодули акфор намуданд.
Дар ҷаласа зикр гардидааст, ки ҳамкориҳои натиҷабахш байни сохторҳои марбута бо ширкатҳои мобилӣ ва масъулини соҳаи алоқа ба миён омада, ҷараёни рафъи камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта суръати бештар гирифтааст. Махсусан дар самти насби таҷҳизоти нави мавҷрасон дар минтақаҳое, ки мавҷи алоқа ва дастрасӣ ба интернет дар онҳо заиф аст, ба таври таъхирнопазир идома дорад.
Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа бо натиҷагирӣ аз корҳои анҷомшуда гуфтаааст, ки “ҳарчанд дастовардҳо дар боло бурдани кайфияти мавҷи алоқаи мобилӣ ва дастрасӣ ба интернет, арзонтар намудани арзиши хизматрасониҳо дар ин самт, рафъи монеаҳои мавсимии алоқа дар фасли сармо ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дида мешавад, вале кофӣ набуда, боз ҳам бештар намудани тадбирҳои амалӣ дар авлавияти фаъолияти масъулин қарор дорад. Тавре Сардори Хадамоти алоқа зикр намуд, талаботи ҷомеа ба соҳаи алоқа тадриҷан афзуда, рушди тамоми соҳаҳо аз бисёр ҷиҳат ба дастрасии қуллай ба интернет вобаста гардидааст. Аз ин хотир, масъулини соҳаи алоқаро мебояд, ҳамеша дар пайи такмили механизми алоқаи мобилӣ ва интернет дар тамоми манотиқи кишвар бошанд”.
Дар фарҷоми ҷаласа ҳозирин ба мувофиқа расидаанд, ки бо мақсади зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани дастрасии комил ба алоқаи мобилӣ ва интернет дар саҳти ҷумҳурӣ дастгирии ҳамдигарро суръат мебахшанд. Бег Сабур гуфтааст, Хадамоти алоқа ҳамчун танзимгари соҳа барои камтар намудани харҷи операторони мобилӣ ҷиҳати модернизатсияи соҳа мусоидат мекунад.
Ҳамчунин Бег Сабур ба намояндагони ШСХК «Барқи Тоҷик”, бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ пешниҳод намуд, ки аз ҷониби худ ҷиҳати амалисозии фармони президент “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” мусоидати бештар намоянд. Гуфта шуд, ки махсусан дар самтҳои боло бурдани сатҳи саводи техникии корбарони постерминалҳо дар маҳалҳо, пайваст намудани постерминалҳо ба системаҳои биллингии марбута, кам намудани хароҷоти пардохтҳои ғайринақдӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми операторони мобилӣ ҷиҳати истифодаи сим-кортҳои онҳо мусоидати ШСХК «Барқи Тоҷик”, бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ ва амри зарурӣ мебошад.
Аммо маълум нест, дар шароите, ки дар кишвар лимити шадиди барқ ҷорист, ин корҳоро чӣ гуна метавон анҷом дод. Қарори маълум, алоқаи мобил ва Интернетро бо кумур (ангишт) ё чӯбу ҳезум рушд додан тақрибан имкон надорад.