ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

ЯКЕ ДАР ТОҶИКОБОД, ДУЮМӢ – ДАР ВАРЗОБ: ТОҶИКИСТОНРО ДУ ЗАМИНЛАРЗА ТАКОН ДОД

Нимашаб ва субҳи 13 ноябри соли 2023 дар қаламрави Тоҷикистон ду заминларза рух дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки заминларзаи аввал шаби 13 ноябри соли 2023, соати 00:54 бо вақти маҳаллӣ сабт шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, маркази офати табиӣ дар 215-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 15-километрии шимолу шарқи маркази ноҳияи Тоҷикобод ҷойгир шуда, шиддати заминларза дар марказаш тибқи ҷадвали Рихтер, 4 балл, дар Тоҷикобод 3 баллро ташкил додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, бар асари ин заминларза касе осеб надидааст ва ягон иншоот хароб нашудааст.

Ҳамчунин, бино ба иттилои зилзиланигорони тоҷик, субҳи 13 ноябри соли 2023, соати 08:34 бо вақти маҳаллӣ заминларзаи дуюм ба вуқӯъ пайваст.  Шиддати ин заминларза дар марказаш, дар 20-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб  4 балл ва дар пойтахт 3 баллро ташкил додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, заминларзаи дуюм низ ягон зарару осеб ба ҷой нагузоштааст.

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи интернетии Еarthquaketrack.com, ки заминларзаҳо дар саросари сайёраро ба сурати шабонарӯзӣ пайгирӣ ва сабт мекунад,  шиддати заминларзаи аввали нимашабӣ дар марказаш – 36-километрии Қаракенҷа, дар наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон – 4,5 баллро ташкил дода, шиддати заминларзаи дуюми субҳи 13 ноябр дар марказаш дар 12-километрии маркази ноҳияи Варзоб 4,6 баллро ташкил дод. Бино ба маълумоти ин пойгоҳ, ин ду заминларза мутаносибан дар умқи 12 ва 10 километр рух додаанд.

Ёдовар мешавем, субҳи 11 ноябри соли 2023, соати 06:24 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон як заминларзаи дигар низ рух дода буд. Ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиддати ин офати табиӣ дар марказаш, 31-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 22-километрии шаҳри Норак  4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3-баллро ташкил додааст. Еarthquaketrack.com хабар дод, ки  маркази заминларзаи субҳи 11 ноябр дар Тоҷикистон дар 12-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Ваҳдат ҷойгир шуда, замин дар инҷо дар умқи 10 километр ва бо шиддатии 4,5 балл тибқи ҷадвали Рихтер ларзидааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларза, дар як ҳафтаи охир 4 зилзила,  дар як моҳи охир 25 заминларза ва дар як соли охир 272 заминларзаи шиддаташон аз 1,5 балл болоро сабт кардааст.

Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.

Вале заминларзаи  аз ҳама пурхисорот шаби 23 марти соли 2023 дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт рух дод. Бар асари ин офати табиӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Ахиран Иттиҳоди Аврупо шумори умумии сокинони зарардида аз ин заминларзаи моҳи март дар Тоҷикистонро беш аз 2200 нафар баровард кард. Қарор буд, барои пояи кумакҳои хориҷӣ то поёни моҳи августи соли ҷорӣ барои осебдидагони ин офати табиӣ хонаҳои нав сохта шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button