ДАРГУЗАШТИ БОЛАТ – ДОДАРИ НАЗАРБОЕВ, МЕХАНИКИ СОБИҚ, КИ ДАР АҲДИ АКААШ САДҲО МИЛЛИОН ДОЛЛАР САРВАТ ҒУНДОШТ

Болат Назарбоев, додари президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, рӯзи 13 ноябри соли 2023 дар синни 70 даргузашт. Сухангӯи президенти собиқ йдос Уқибой бо тасдиқи ин хабар дар саҳифааш дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) хабар дод, ки “Болат Абишевич Назарбоев, додари президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баъди бемории тӯлонӣ дар синни 70 аз олам чашм пӯшид”.
Аз ин қабл сомонаи қазоқии Ratel.kz бо такя ба манбааш хабар дода буд, ки Болат Назарбоев субҳи 13 ноябр ба иллати аз тапиш бозмондани қалбаш ҷон додааст.
“Соати 9.28 ба иллати асистолия қалбаш аз задан бозмонд. Тайи 23 дақиқа корҳои реаниматсионӣ анҷом дода шуд, вале он натиҷа надод”, — хабар дод манбаи Ratel.kz.
Соли 2022 иттилоъ расида буд, ки дар бадани Болат Назарбоев саратони гулӯро ташхис кардаанд, ки ҳамроҳ бо фишори баланд, тромбоз ва диабет ӯро аз пой афкандаанд. Моҳи августи соли 2022 як бунёди марбут ба Нурсултон Назарбоев ҳатто маҷбур шуд, ки расман овозаҳо дар бораи марги Болат Назарбоев аз бемории саратони гулӯро рад кунад. Ин овозаҳо дар пайи нашри як видео дар расонаҳои наздик ба мақомот пайдо шуд, ки дар ин видео гуфта мешуд, ки додари Назарбоев сахт бемор буда, бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунад.
4 ноябри соли 2023 расонаҳои Қазоқистон хабар доданд, ки додари Назарбоевро дар бемористони марказии клиникии шаҳри Алма-Ато бистарӣ кардаанд. Бархе расонаҳо навиштанд, ки Болат Назарбоевро дар пайи сактаи қалби такрорӣ ба инҷо овардаанд. Баъдан гузориш шуда буд, ки аҳволи ӯ бадтар шудааст ва гурдаҳояш кор намекунанд.
Нурсултон Назарбоев, ки тобистони имсол синни 83-ро пур кард, аз соли 1989 то соли 2019, қариб 30 сол раҳбари аввали Қазоқистон – ҷумҳурии пасошӯравии аз лиҳози қаламрав аз ҳама бузург ва аз лиҳози маъданҳои табиӣ аз ҳама бойи Осиёи Марказиро дар даст дошт. Дар аҳли ӯ хешутабори сершумораш, бо шумули ҳарсе духтару домодҳову қудоҳояш, бародарону ҷиянҳо ва дигар хешовандонаш сарватҳои ҳангуфта ҷамъ оварда, бархеаш мултимиллионер ва бархеаш ҳатто миллиардер шуданд.
Моҳи марти соли 2019 курсии президентиро расман ба Қосим-Жомарт Тоқаев супурд, вале ӯро ҳамчун як президенти лӯхтак нигоҳ дошта, дар асл умури давлатиро аз паси парда тавассути хешовандони пурнуфузи худ ва одамонаш, ки дар ҳама мансабҳои калидӣ ҷобаҷо карда буд, ҳамчунон худи Назарбоев идора мекард. Тоқаев чанд сол ин мақоми президенти намоиширо таҳаммул кард, вале баъдан, бо истифода аз эътирозҳои хунини моҳи январи соли 2022 тавонист қудратро батадриҷ ба дасти худ гирифта, Назарбоев ва хешутабори сершумор ва одамони ӯро аз имкони дахолат дар умури давлатдорӣ маҳрум кунад. Гузашта аз ин, даҳҳо тан аз ёрон ва хешу табори Назарбоевро асосан бо иттиҳоми коррупсия ва ғайриқонунӣ аз худ кардани пулу моли давлат зиндонӣ карда, боқимондаи онҳо, аз ҷумла домодҳо ва бародарони ҷиянҳои Назарбоевро маҷбур карданд, ки молу мулки дар аҳди ӯ аз они худ кардаашонро ба давлат баргардонанд.
Болат Назарбоев, ки 23 марти соли 1953 ба дунё омада, дар даврони Шӯравӣ ҳамчун механик кор мекард ва баландтарин мансабаш дар он замон муовини раиси совхози “Шамолғон” дар вилояти Алма-Ато буд, дар солҳои 90, ки Шӯравӣ барҳам хӯрду раҳбарии Қазоқистон дар дасти акояш монд, якбора ба як тоҷири комёб табдил ёфт. Ӯ аз соли 1997 мудири кулли ҳолдинги “BN Invest” буд ва тавассути он даҳҳо корхонаву бозору меҳмонхонаҳо ва саҳмияҳои корхонаву ширкатҳои пурфоидаи давлатиро аз они худ кард.
Баъди аз хонаводаи Назарбоев рӯ тофтани мурғи иқбол, яъне баъди таҳти фишори ҳукумати президенти кунунӣ Тоқаев қарор гирифтани онҳо, Болат Назарбоев низ хеле аз сарвату дороиҳои худро аз даст дод. Аз ҷумла додари Назарбоевро маҷбур карданд, ки 32% саҳмияҳои корхонаи тавлиди мошинҳои вазнини Алма-Ато (Алматинский завод тяжелого машиностроения, АЗТМ), бузургтарин бозори Алма-Ато “Барис-4” ва қариб 300 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 239 ҳазор гектар замин дар вилояти Манқишлоқ дар ғарби Қазоқистон ва 60 ҳазор гектар замини дигар дар вилояти Ҷамбул дар ҷануби ин кишварро ба давлат баргардонад.


