ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ШАШ КУШТА БАР АСАРИ СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР БАЙНИ СЕ СОАТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 8 ноябри соли 2023 дар байни ҳамагӣ се соат бар асари се садамаи марговар дар ҳудуди вилояти Суғд 6 нафар ба ҳалокат расида, дастикам 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Аз ҷумла шоми 8-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 17:50, ронандаи мошини тамғаи «Дулан», Ризвонов Алимардон Аҳтамович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Муъминобод ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди шаҳри Истаравшан бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Ҳонда-Серви», таҳти идораи ронанда, Ҳаётов Фирдавс Нарзулллоевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.

 Дар натиҷа, ронандаи «Ҳонда-Серви», Ҳаётов Ф.Н. ва мусофиронаш Саидҳалимова Давлатбӣ Ҷангиевна ва Сайфиддинова Миҷгона Саидовна, солҳои таваллудашон 1983, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари мошини мазкур Сафаров Неъматулло, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ва Амирҷони Раҷабалӣ, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Боз ҳам шоми 8-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 18:00, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», Ҷумаев Зариф Зоирович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Конибодом ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Конибодом-Деҳмой”, дар ҳудуди деҳаи Ҷаҳонзеб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Турсунова Дилором Турсуналиевна, соли таваллудаш 1960 ва Турсунова Латофат, соли таваллудаш 1953, сокинони ҳамин шаҳрро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагардони мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Шаби 8-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 20:10-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Ҳюндай-Аванта», Толибов Абдумалик Абдулатифович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Мастчоҳ”,  дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, ба садама дучор шудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Толибов А.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст, аммо мусофири мошини мазкур, Воҳидов Муҳаммадҷон Ҳасанович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Б.Ғафуров,мутаассифона, бар асари ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button