Хабарҳои кӯтоҳ

ДАР ПОЙТАХТ ЯК МАРД ҲАМСАРАШРО ЧАНД МАРОТИБА БО ҚАЙЧӢ ЗАДА, ЗАХМӢ КАРДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани ду ҳолати авбошӣ дар пойтахт хабар дод. Дар як ҳолат дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ шавҳар ба бадани ҳамсараш бо қайчӣ чанд зарба задааст.  

Худи ин зану шавҳар барои шарҳи мустақими моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба иттилои ВКД, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки субҳи  9-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 09:10, дар назди хонаи истиқоматиаш шавҳараш, марди 38-солаи сокини ҳамон ҷо аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ муноқиша намуда, бо қайчӣ якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Ҳамчунин ба ҳамин ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавӣ бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки нимаи дуюми рӯзи 8-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 16:25, дар дохили маркази бозиҳои компютерӣ ҷавони 19-солаи сокини пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ муноқиша намуда, бо корд 1 маротиба ба пойи чапаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад. Ба ин ду дастгиршуда вобаста ба дараҷаи осеби ба саломатии ҷабрдидаҳо расондаашон ҳамчун ҷазо аз ҷарима то чанд сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button