ЗАМИНЛАРЗАИ ШИДДАТАШ АЗ 4 ТО 4,5 БАЛЛ ДАР НАЗДИКИИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 11 ноябри соли 2023, соати 06:24 бо вақти маҳаллӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ заминларза ба қайд гирифта шуд.
Бино ба ин манбаъ, маркази заминларза дар 31-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 22-километрии шаҳри Норак ҷойгир шуда, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3-баллро ташкил додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ин заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба ҷо нагузоштааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои пойгоҳи интернетии Еarthquaketrack.com, ки заминларзаҳо дар саросари сайёраро ба сурати шабонарӯзӣ пайгирӣ ва сабт мекунад, маркази заминларзаи субҳи 11 октябр дар Тоҷикистон дар 12-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Ваҳдат ҷойгир шуда, замин дар инҷо дар умқи 10 километр ва бо шиддатии 4,5 балл тибқи ҷадвали Рихтер ларзидааст.
Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларза, дар як ҳафтаи охир 7 зилзила, дар як моҳи охир 27 заминларза ва дар як соли охир 271 заминларзаи шиддаташон аз 1,5 балл болоро сабт кардааст.
Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.
Вале заминларзаи аз ҳама пурхисорот шаби 23 марти соли 2023 дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт рух дод. Бар асари ин офати табиӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд, дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.
Ахиран Иттиҳоди Аврупо шумори умумии сокинони зарардида аз ин заминларзаи моҳи март дар Тоҷикистонро беш аз 2200 нафар баровард кард. Қарор буд, барои пояи кумакҳои хориҷӣ то поёни моҳи августи соли ҷорӣ барои осебдидагони ин офати табиӣ хонаҳои нав сохта шаванд.