ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷиронҲодиса

ЯК МАРДИ МУСУЛМОН ПЕШИ РОҲИ ҲАМЛАИ МАРДИ МУСАЛЛАҲ БА ЯК МАСҶИД ДАР КАНОРИ МАСКАВРО ГИРИФТ (ВИДЕО)

Рӯзи 10 ноябри соли 2023 ҳангоми адои намози ҷумъа дар масҷиди шаҳраки Дзержинский дар канораҳои ҷанубушарқии шаҳри Маскав як мард бо граната (норинҷак) вориди масҷид шуда, таҳдид ба таркондани он кардааст. Пулиси вилояти Маскав ин ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, як марди 45-сола ба намозгузорон таҳдид кардаастя, ки гранатаи дасташро метарконад.

Дар сабти видеоӣ дида мешавад, ки мард ҳангоми адои намоз вориди масҷид шуда, кӯшиш мекунад, то чекаи гранатаи дасташро биканад.

Бино ба нақли намозгузорон, ки канали “Осторожно, Москва” аз онҳо нақли қавл кардааст, “як мард ба масҷиди Дзержинский омада, дар бораи дини Ислом носазо гуфт, мусулмононро душман номид ва фарёд мезад, ки ҳамаи моро мекушад. Дар дасташ граната дошт ва бисёр як ҳолати тарсу воҳима ба вуҷуд омада буд”.

Дар сабти видеокамераи назоратӣ дида мешавад, ки дар пайи ин таҳдидҳо намозро манъ карданд ва як ҷавонмард бо риши кӯтоҳ ба назди марди мусаллаҳ омада, аз дасте, ки дар он граната дошт, гирифта, ӯро бо худ ба ҳавлӣ баровард ва дар онҷо дар пайи суҳбати тӯлонӣ мутақоидаш сохт, ки гранатаи дасташро бидиҳад ва таслим шавад. Марди мусаллаҳро сипас кормандони пулис, ки ба ҷои ҳодиса даъват шуда буданд, дастгир карданд.

Баъдан маълум шуд, ки хушбахтона, гранатаи бо худ овардаи ин мард муляж будааст, на силоҳи воқеӣ.

— Он чизе, ки марди соли таваллудаш 1978 бо худ ба яке аз муассисаҳои воқеъ дар кӯчаи Дмитрий Донскойи шаҳри Дзержинский оварда буд, муляжи граната буда, ягон хатар надорад, — гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар Telegram-канали “Подмосковная полиция”.

Бино ба иттилои Telegram-канали “112”, марде, ки ба масҷид ҳамла кард, маст буд. Бино ба ин манбаъ, сокини 45-солаи Дзержинский қабл аз ҳамла дар як барбер-шоп (сартарошхона) дар Дзержинский мӯи сарашро паст карда, дар ҳамон ҷо машруботи зиёд нӯшидааст ва сипас як муляжи гранатаро дуздида, ба масҷид рафтааст ва дар онҷо бо он граната ба намозгузорон таҳдид кардааст.

Бисёриҳо рафтори ҷавонмардеро, ки пеши роҳи марди мусаллаҳро гирифт, қаҳрамонӣ ва шоистаи қадрдонӣ мешуморанд.

 “Чунки вақте ки ӯ бесилоҳ дар муқобили он марди мусаллаҳ истод, ҳанӯз намедонист, ки слоҳи дасти ӯ силоҳи ҳақиқӣ нест. Ӯ қаҳрамонӣ кард!” – менависанд корбарон.

Номи ин қаҳрамонро нашр накардаанд, вале бисёриҳо менависанд, ки ӯ тоҷик аст. Дар сабти видеоӣ дар ҳақиқат дида мешавад, ки мардуми ҷамъшуда дар атрофи ӯ ва он марди мусаллаҳ бо тоҷикӣ ҳарф мезананд.

Шаҳри Дзержинский наздики 60 ҳазор аҳолӣ дошта, дар канораҳои ҷанубушарқии шаҳри Маскав дар паҳлуи шаҳраки Котелники ҷойгир шудааст. Номи Котелники тобистони соли 2023 ба далели рейдҳои пайвастаи ОМОН ба масҷиди ин шаҳрак дар сархатти хабарҳо қарор гирифта буд. Ин рейдҳои ОМОН ҳар рӯзи ҷумъа, баъди намози ҷумъа доир мешуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button