ВидеоДин ва боварҳоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ЯК ҲОҶӢ АЗ НОҲИЯИ ҶОМӢ МЕГӮЯД, 18 СОЛ РОҲ ГАШТА НАМЕТАВОНИСТ, ДАР ҲАҶ РОҲГАРДОН ШУД (ВИДЕО)

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ як видео дар бораи сафари Ҳаҷҷи як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бо номи Муҳаммадкарим нашр шудааст ва дар ин видео иддао мешавад, ин зоир қабл аз сафари Ҳаҷ 18 соли тамом сари зону роҳ мегашту бо пойҳои худ роҳ гашта наметавонист, вале дар ҷараёни сафари Ҳаҷ бо қудрати Худо дубора роҳгардон шудааст.

Видео бо лаҳзаи рӯи зонуҳояш ҳаракат кардану бо азобе ба зинаҳои ҳавопаймо баланд шудани як зоир ва сипас ҳамин гуна бо азоб аз зинаҳо ё пилаҳо пойин фаромадани ӯро нишон медиҳад ва наворбардор сафари ин марди маъюбро ҳамчун намунаи ибрат  тавсиф мекунад ва мегӯяд, дар ҳоле ки бархе мардум бо пои равон аз рафтан ба сафари Ҳаҷ истиҳола мекунанд, ин марди маъюб омода аст, ки рӯи зонуҳояш бо азоб роҳ рафта, зиёрати Хонаи Худо кунад.

Дар идомаи навор дар саҳни масҷиди Паёмбар ҳамон наворбардор бо гуруҳе аз зоирони тоҷик суҳбат мекунад ва яке аз онҳо, ки худро Муҳаммадкарим муаррифӣ мекунад ва шодиашро пинҳон карда наметавонад, ба гуфтаи наворбардор, дуруст ҳамон нафарест, ки рӯи зонуҳояш бо азоб ба пилаҳои ҳавопаймо боло мешуд.

Наворбардор мегӯяд, бо қудрати Худо, дар ҷараёни сафари Ҳаҷ Муҳаммадкарим дубора ба пои худ рост шудааст ва ҳоло баҳузур роҳ мегардад. Ӯ барои исботи ин аз Муҳаммадкарим хоҳиш мекунад, ки бо пойҳояш каме парпарак кунад: “Ку баланд, баланд бипар, ки бубинандат!”  Ва ин зоир мисли як инсони солиму бардам дар ҷояш чанд бор парида, боз ба рӯи пойҳояш рост меистад.

Чанд зоири дигар, ки мегӯянд, ҳамдеҳагони Муҳаммадкариманд, дар ин видео гуфтанд, ки ӯ 18 сол боз сари зонуҳояш ҳаракат мекард ва бо пои худ роҳ гашта наметавонист.

Илҳомиддин, як ҳамдеҳаи Муҳаммадкарим мегӯяд: “18 соли тамом сари зону роҳ мегашт. Бо аробачаи маъюбӣ овардемаш ба инҷо. Ҳангоми зиёрат бо қудрати Худо шифо ёфт ва ҳоло бо пои худ мегардад сиҳату саломат”.

Табибон то кунун чӣ гуна иттифоқ уфтодани чунин муъҷизаро шарҳ надодаанд.

Ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” муяссар нашудааст, ки дурустии ин хабарро тавассути манобеи дигар бисанҷад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button