ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

СЕЛҲОИ ХАРОБИОВАР ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ВА БАРФИ АВВАЛ ДАР КӮҲҲО ВА ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 10 ноябри соли 2023 хабар дод, ки рӯзи 9 ноябр бар асари фурӯ рехтани селҳои харобиовар дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар ҷануби ҷумшурӣ ҳудудан 116 хонаву ҳавлӣ ва биноҳои ёрирасони сокинон зарар дидааст.

Бино ба ин манбаъ, боришоти шадид боиси омадани сел дар ҳудуди деҳаи 10-солагии Истиқлоли ҷамоати Намунаи ноҳияи Панҷ шуд. Бар асари пур шудани ҷӯйи селпартои Овзикент-2 сел ба 6 хонаву 74 ҳавлии сокинони ин деҳа зарар расондааст.

Рӯзи 9 ноябр бар асари сел дар деҳаи Пахтакори ҷамоати ба номи Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ 21 ҳавлӣ ва 3 иморати ёрирасони сокинони ин деҳа осеб дидаанд.

Ҳамчунин бар асари боло рафтани сатҳи об дар канали деҳаи Отчопари ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, мавҷи оби аз маҷрояш беруншуда 12 хонаро зер кардааст.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, рӯзи 10 ноябри соли 2023 низ дар Тоҷикистон хатари боло рафтани сатҳи оби ҷӯю каналу дарёҳо ва фурӯ рехтани селу сангрез боқӣ мемонад. Ҳаво дар Тоҷикистон аз 8 ноябр ба ин тараф бад шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз сокинону меҳмонон хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили кӯлу дарёву каналҳо ва аз мошидорию шикор ва чаронидани чорво, ҳамчунин аз сафар ба кӯҳу ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳо худдорӣ кунанд.  Аз сокинон ҳамчунин хоста мешавад, ки қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя карда, ҷӯйборҳову каналҳои селпарторо дар атрофи хонаҳои худ тоза кунанд.

Ҳамчунин аз ронандагон хоста шудааст, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳистон ва ағбаҳо, пеш аз ба роҳ баромадан, аввал дар бораи  обу ҳаво ва шароити роҳу минтақае, ки сафар доранд, маълумоти кофӣ ҷамъ оварда, воситаи нақлиёти худро барои сафар омода кунанд ва дар роҳ қоидаҳои ҳаракат, бавижа суръатро қатъиян риоя кунанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабарҳои расида, рӯзи 9 ноябр дар бархе ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон нахустин бор барф боридааст. Рехтани барф аз ҷумла дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ҷануби ҷумҳурӣ ва ҳамчунин дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, ягона роҳи заминии байни шимол ва маркази Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Дар минтақаи Зарафшони ин шоҳроҳ шоми 9 ноябр сангрез низ ба амал омадааст. Ширкати IRS хабар дод, ки оқибатҳои сангрез ба сурати фаврӣ бартараф карда шуданд ва тавре аз иттилоияи охирини ин ширкати масъули нигоҳубини роҳи  Душанбе – Хуҷанд  бармеояд, барфу сангрез ба равуои нақлиёт моинаи ҷиддие эҷод накардааст ва субҳи 10 ноябр ин шоҳроҳ барои ҳаракати тамоми навъҳои нақлиёт боз буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button