ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

МАҲБУСИ ТОҶИКИ АЗ ЗИНДОНИ РУСИЯ ФИРОРКАРДА АМРИДДИН САИДОВРО ТО ҲОЛ НАЁФТААНД

Бо гузашти инак ду ҳафта аз фирори маҳбуси тоҷики 57-сола Амриддин Саидов аз маҳбаси сукунатӣ  (колония-поселение) № 20, воқеъ дар шаҳри Уст-Кути вилояти Иркутски Русия, ӯро то ҳол пайдо накардаанд ва ягон изу пай ҳам надоранд, ки оё ӯ ба кадом самт ғайб задааст? ГУФСИН, идораи зиндонҳои вилояти Иркутск рӯзи 10 ноябри соли 2023 бо нашри дубораи нишонаҳои Амриддин Саидов ва аксҳои аз рӯбарӯ ва аз бар гирифташудаи ӯ аз парвандаи ҷиноятиаш бори дигар аз сокинон хост, ки барои боздошти ин маҳбуси фирорӣ  кумак кунанд.

 Амриддин Саидов, ки 9 сол боз дар маҳбаси Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир адои ҳукм мекард ва то поёни ҳукмаш камтар аз ду соли дигар боқӣ монда буд, субҳи 27 октябри соли 2023 аз маҳбаси сукунатӣ дар шаҳри Уст-Кут фирор кард.

Саидов Амридин Ғаффорович  1 марти соли 1966 дар Тоҷикистон ба дунё омада, бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд ва 8 соли аввали ҳукмашро дар маҳбаси низомаш сангин адо карда, дар баҳори соли 2022 барои адои муҳлати боқимондаи ҳукмаш ба маҳбаси сукунутӣ гузаронда шуд. Ӯ мебоист соли 2025 ба озодӣ мебаромад.

Сабаби фирори маҳбуси тоҷик аз маҳбаси сукунутӣ, ки қоидаҳои будубошаш нисбат ба зиндон хеле сабуктар аст, гуфта нашудааст.

Бино ба нишонаҳои Идораи зиндонҳои вилояти Иркутск, Саидов Амридин зоҳиран ба марди синнаш 50-55 шабоҳат дошта, қадаш начандон баланд, ҳамагӣ 165 сантиметр аст. Амриддин Саидов чашмони калон, мӯи кӯтоҳу росту ҷо-ҷо дар байнаш сафедӣ дамида дорад.

Аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи куҷо будани Амриддин Саидов маълумот доранд, хоста шудааст, ки бо ин рақамҳо ба идораи зиндонҳои вилояти Иркутск тамос бигиранд:

Шуъбаи кофтукови идораи зиндонҳои вилояти Иркутск 8 (3952) 26-81-24, 26-81-45,

Қисми навбатдории ГУФСИН 8 (3952) 33-97-56, 26-81-59.

Шаҳри Уст-Кут бо наздики 37 ҳазор аҳолӣ дар маҳалли ба дарёи бузурги Лена рехтани дарёи Кута, дар фосилаи тақрибан 900 километр дар шимолушарқи шаҳри Иркутск ҷойгир шудааст.
Дар ин авохир ин ягона мавриди аз маҳбасҳои Русия фирор кардани маҳбусони тоҷик нест.

Тавре қаблан хабар додем, шаҳрванди Тоҷикистон Камолҷон Калонов, ки қариб 20 солро дар маҳбаси Русия пушти сар карда буд, рӯзи 18 сентябри соли 2023, дар рӯзе ки бояд озод мешуд, аз маҳбаси сукунатӣ (колония-поселение)-и №19, воқеъ дар шаҳраки Маркови вилояти Иркутск фирор кард. Шаҳраки Марков дар фосилаи ҳамагӣ чанд километр аз канораҳои ҷанубуғарбии шаҳри Иркутск ҷойгир шудааст.

“18 сентябри соли 2023 дар маҳбаси сукунатии назди маҳбуси №19 муайян карда шуд, ки як маҳбуси соли таваллудаш 1974 ҳузур надорад.  Имрӯз рӯзи аз маҳбас озод шудани ӯ буд. Барои фирор ба ӯ то 4 соли дигари зиндон таҳдид мекунад”, –  хабар дода буд идораи зиндонҳои вилояти Иркутск.

Бино ба шарҳи ин идора, дар маҳбаси сукунатӣ маҳбусонро бидуни посбон нигоҳ медоранд ва онҳо дар дохили маҳбаси сукунатӣ озодона равуо мекунанд ва бо иҷозати маъмурият метавонанд ба берун аз маҳбас, вале танҳо дар доираи шаҳрак ҳам бидуни посбон бираванд. Камолҷон Калонов як рӯз қабл барои рафтан ба берун иҷозат гирифтааст ва мебоист дар зарфи 24 соат бармегашт, вале бо вуҷуди гузаштани муҳлати ниҳоӣ ӯ ба маҳбас барнагаштааст.

Камолҷон Калонов собиқаи ҷиноии бой дошт. Ӯро бор аввал дар солҳои 90 бо ҷурми ташкили гуруҳи муташаккилонаи ҷиноӣ ва фарзандхонии ғайриқонунӣ зиндонӣ карданд. Калонов соли 1997 аз зиндон озод шуд, вале алакай дар соли 2003 ӯро бо ҷурмҳои сангини куштор, ғоратгарӣ ва тамаъҷӯӣ ё дуздии силоҳ ба 22 соли зиндон маҳкум карданд.

Рӯзи 18 сентябр Калоновро бояд пеш аз муҳлат озод мекарданд. Маълум нест, ки баъди берун рафтанаш бо ӯ чӣ шудааст?, вале як ҳадси мақомот ин аст, ки шояд ӯ аз ин метарсид, ки баъди раҳоӣ ба Тоҷикистон ихроҷаш мекунанд. Мақомоти Русия ҳамаи маҳбусони хориҷиро баъди ба поён расидани муҳлати ҳукмашон ихроҷ мекунанд.

Ҳадси дигар ин аст, ки мисли бисёре аз маҳбусони дигари собиқадор Камолҷон Калонов дар ин 20 сол ба муҳити маҳбас, аз ҷумла ба ин ки сарпаноҳе болои сар дорад ва хӯрду хӯроку пӯшокаш ҳам таъмин карда мешавад, одат кардааст ва шояд озод шудан намехоҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button