КОНСУЛХОНАИ АФҒОНИСТОН ДАР ХОРУҒРО БА ТОЛИБОН СУПУРДААНД? (ВИДЕО)
Нафаре бо номи Нақибуллоҳ Деҳқонзода рӯзи 9 ноябри соли 2023 дар як паёми видеоӣ иддао кардааст, ки ӯ сарпарасти консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон мебошад ва ба ин мақом аз ҷониби вазорати корҳои хориҷии ба ном “Аморати исломии Афғонистон”, яъне аз ҷониби Толибон таъйин шудааст. Ин видеои Деҳқонзодаро Ҳафиз Зиё Саидӣ, яке аз сухангӯёни вазорати хориҷаи Толибон дар саҳифааш дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) нашр кардааст.
Нашри видеои сарпарасти консулхонаи Афғонистон дар Хоруғ дар ҳолест, ки генерал Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе, ки аз ҷониби ҳукумати қаблии Ашраф Ғанӣ таъйин шуда буд, қаблан гуфта буд, ки консулгарии кишвараш дар Хоруғ ба далели набуди имконоти иқтисодӣ аз кор мондааст.
Аммо Нақибуллоҳ Деҳқонзода дар видеояш иддаои генерал Ағбар дар бораи гӯё аз кор бозмондани консулхонаи Афғонистон дар шаҳри Хоруғро ҳамчун “изҳороти ғайримасъулона ва дур аз ҳақиқат” рад карда, мегӯяд, консулхонаи Афғонистон дар Хоруғ ба сурати мустақил ва мустақиман таҳти пуштибонӣ ва ҳидоятҳои вазорати хориҷаи “Аморати исломӣ”, яъне Толибон, “мутобиқи усул ва салоҳиятҳои қонунии хеш фаъолият намуда ва хадамоти консулиро ироа менамояд”. Нақибуллоҳ Деҳқонзода мегӯяд, доманаи фаъолиятҳои консулхонаи Хоруғ дар ин авохир дар ироаи хадамоте, ба мисли судури шиносномаҳо ва додани виза густариш ёфтаст. Деҳқонзода ҳамин тавр, дубора боз шудани бозорҳои наздимарзӣ дар сарҳади байни вилоятҳои Бадахшони Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистонро яке дигар аз муваффақиятҳои консулхонаи Афғонистон дар Хоруғ номид ва гуфт, дар бахшҳои боркашонӣ, тиҷорат, масоили марзӣ ва зиндониён низ бо ҷониби Тоҷикистон ҳамоҳангӣ вуҷуд дорад.
Дар ҳақиқат, дар аввали моҳи сентябри соли 2023 тақрибан ҳамаи бозорҳои наздимарзӣ дар марзи ду Бадахшон бори аввал баъди ба қудрат расидани Толибон дигарбора боз шуданд ва бархе нозирон инро ҳамон вақт аз нахустин аломатҳои шурӯи тамосҳо байни Душанбе ва режими Толибон маънидод карданд.
Қарори маълум, ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумлаи камшумор давлатҳои дунёст, ки ташкили ҳукумати фарогир бо таъмини намояндагии шоистаи дигар қавмҳои сокини Афғонистон, бахусус тоҷиконро як шарти асосии эътирофи ҳукумати Толибон номида, ба таври ошкоро аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди лашкаркаши шуҳратёр Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ба зидди ҳукумати нави Толибон меҷангад, пуштибонӣ мекард.
Дар ҳоле ки бисёре аз қудратҳои бузурги минтақа, аз ҷумла Русияву Эрон, умури сафоратҳои Афғонистонро дар кишварҳои худ ба дасти дипломатҳои аз ҷониби Толибон фиристодашуда супурданд ва дипломатҳои ҳукумати қаблиро аз ин сафоратҳо берун андохтанд, дар Тоҷикистон то кунун умури сафорати Афғонистонро генерал Зоҳир Ағбар дар даст дорад. Генерал Ағбар ҳанӯз аз ҷониби ҳукумати қаблии Афғонистон ба ҳайси сафир эъзом шуда буд ва ҳукумати нави Толибонро усулан қабул надорад. Ӯ чанд рӯз қабл дар нишасти хабариаш дар Душанбе номаи Толибон дар бораи таъйини як нафари онҳо ба мақоми котиби аввали сафорати Афғонистон дар Тоҷикистонро дар ҳузури хабарнигорон пора кард ва гуфт, ҳукумати Толибон барои сафорате, ки ӯ раҳбараш аст, ягон машрӯият надорад.
Вазорати хориҷаи Толибон ҳанӯз моҳи марти соли 2023 дар бораи ирсоли як ҳайъаташ ба шаҳри Хоруғ хабар дода, гуфта буд, ки он ҳайъат ба хотири арзёбии вазъи бинои консулхонаи Афғонистон, ки 15 феврал бар асари фурӯ рехтани як тармаи пурқурбонӣ осеб дида буд, ба маркази вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон рафтааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то кунун на он хабари боздиди ҳайъати Толибон аз консулхонаи Афғонистон дар Хоруғ ва на иддаои Деҳқонзода дар бораи аз ҷониби Толибон таъйин шуданаш ба мақоми сарпарасти ин консулхонаро шарҳ надодааст.