ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ЗАБОНИ МАН ФОРСИСТ! НИГОҲЕ БА ОН СӮИ ОШТИИ НАВ БАЙНИ ДУШАНБЕВУ ТЕҲРОН (ВИДЕО)

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори кӯтоҳе нашр шуд, ки дар он лаҳзаи дар ҳошияи нишасти сарони ЭКО дар Тошканд дасти ҳамдигарро фишурдани раҳбарони Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ ва забони худашро забони форсӣ номидани Эмомалӣ Раҳмон сабт шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо Иброҳим Раисӣ бо усули бародарсаломи роиҷ дар минтақаи Кӯлоб ва дигар манотиқи ҷануби Тоҷикистон салому алейк мекунад ва вақте як хабарнигор ё касе аз ҳайъати Эрон аз забони ӯ ситоиш мекунад, ки “форсии шумо хеле зебост”, Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: “Ман доим аз минбари Созмони Милал ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанам. Забони ман форсӣ аст”.

Ин ҳарфҳои президенти Тоҷикистон метавонад ба онҳое, ки исрор меварзиданд, ки забони тоҷикӣ бояд форсӣ ном гирифта шавад, хуш биояд ва ба баҳсҳои чандинсола байни онҳо ва афроде, ки пойфишорӣ доштанд, ки шохаи тоҷикӣ дар тӯли чанд асри охир мустақилона рушду нумӯъ карда ва гӯё ҳатто ба як забони мустақил ва ҷудо аз форсӣ табдил ёфтааст, нуқта гузорад.

Аммо ин бародарсаломи кӯлобӣ бо Раисӣ, ки қабл аз нишасти ЭКО дар Тошканд ба Душанбе ҳам сафари расмӣ анҷом дод,  танҳо баёнгари воқеиятҳои нав ва нишонае дигар аз обшавии яхҳо дар равобити Тоҷикистону Эрон баъди чандин соли танишҳоест, ки нозирони умур ба “ҷанги сард” шабоҳаташ медоданд.

Ин танишҳо баъди соли 2015 дар заминаи ду ҳодисае ба вуҷуд омад, ки дар равобити Душанбе бо Теҳрон таъсири амиқи, мутаассифона, манфӣ гузошт.

Яке аз ин ҳодисаҳо дар Эрон боздошт шудану бо ҷурми фасод, дақиқтараш барои дуздии миллиардҳо доллару еврои аз фурӯши нафти Эрон бадастомада ба қатл маҳкум шудани Бобаки Занҷонӣ буд. Дар Эрон бар ин буданд, ки дастикам наздики 3 миллиард еврои дуздидаашро Занҷонӣ тавассути бонкҳои Тоҷикистон дуздидаааст ваё дар ҳамин кишвар нигоҳ медорад. Занҷонӣ пеш аз ҳабсаш чандин бор ба Тоҷикистон омада, даҳҳо корхонаву бонку ширкат кушод, ки дар маросими ифтитоҳи чандеи онҳо, аз ҷумла дар гушоиши терминали автобусҳои ширкати “Азия Экспресс” (собиқ автовокзали Душанбе) президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам ширкат дошт. Бархе мақомдорони Эрон, аз ҷумла вакилони парлумони он кишвар аз Душанбе даъват мекарданд, ки пулҳои дуздидаи Занҷониро баргардонад. Душанбе дар Тоҷикистон будани ин пулҳо ё тавассути бонкҳои Тоҷикистон дуздида шуданашонро рад мекард.

Ҳодисаи дигар дар поёни соли 2015, ҳамагӣ се моҳ баъди аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони ифротию террористӣ шинохта шудану манъи фаъолияти ҳизби оппозитсионии наҳзати исломи Тоҷикистон, ба як анҷумани байналмилалӣ дар Теҳрон даъват шудани раиси фирории ин ҳизб  Муҳиддин Кабирӣ ва ба болои ин, дар ҳошияи он анҷуман дар Теҳрон бо раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дастфишорӣ кардани Кабирӣ буд, ки ба Душанбе хеле бад расид.

Ин ду ҳодиса ба як таниши ҷиддие дар равобити ду кишвар оғоз гузошт ва ба дараҷае расонд, ки нозирони умур вазъи равобити Душанбеву Теҳронро ба “ҷанги сард” шабоҳат медоданд.

Расонаҳои расмӣ ва мансабдорони баландпояи Тоҷикистон он вақтҳо аз бурдани номи Эрон ҳадалимкон худдорӣ мекарданд ва ба ҷои Эрон аз ибораи “кишвари ба ҳама маълум” зиёд истифода мешуд. Тоҷикистон воридоти чанд навъи маҳсулоти эронӣ, ба мисли гӯшти мурғу макарону заъфаронро манъ карда, барои тоҷирони эронӣ мушкилоти зиёд эҷод кард ва дар телевизионҳои Тоҷикистон чандин филми мустанаде нашр шуд, ки дар он Ҷумҳурии исломӣ  ба қатли шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва пеш бурдани сиёсати душманона нисбат ба Душанбе айбдор мешуд.

Ихтилофи ду кишвари ҳамзабон ба ҳадде расид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари муассис чандин сол монеи ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай пазируфтани Эрон шуд. Ва он ҳам дар ҳоле ки ду муассиси асосии ин созмон: Русия ва Чин хеле мехостанд, ки Эрон зудтар пазируфта шавад ва барои ин болои Душанбе фишор ҳам меоварданд.

Имсол Душанбе билохира ба узвияти Эрон дар Созмони Шанхай розигӣ дод ва инак, президенти Эрон Иброҳим Раисиро дар Душанбе хуш пазируфтанд. Раисӣ ва Раҳмон ҳатто ёддошти тафоҳумеро дар бораи лағви низоми виза байни ду кишвар ба имзо расонданд.

Дар аксҳои нашршуда аз ҷараёни имзои санадҳо дида мешуд, ки ҷониби Тоҷикистон эҳтироми ҷониби меҳмонро то ҳадди аксар ба ҷо меовард ва ҳатто занони мансабдори тоҷик дар маросими имзои қарордодҳо ба сар ҳиҷоб гирифта, ҳозир шуда буданд. Чизе, ки дар шароити сиёсати зидди ҳиҷобе, ки мақомоти Тоҷикистон пеш мебаранд, тақрибан ғайримумкин ба назар меомад.

Нозирони умур бар инанд, ки ин обшавии яхҳо ва оғози фасли нав дар равобити Душанбеву Теҳрон метавонад чанд маъно дошта бошад. Бовар меравад, ки мақомоти Тоҷикистону Эрон билохира бар сари масъалаи “пулҳои дуздидшудаи Бобаки Занҷонӣ” ба созиш расидаанд. То куҷо воқеъият доштани ин фарзия ҳанӯз таҳқиқ мехоҳад, вале коршиносон мегӯянд, чунин созиш метавонад дар заминаи ваъдаи баргардондани як қисми он пулҳо ё умуман аз даъвои ин пул даст кашидани ҷониби Эрон ба даст омада бошад.

Ҳамин тавр, “барраи қурбонӣ”-и дигар дар ин созиш метавонад ҳизби наҳзат бошад. Қарори маълум, вақте Душанбе ба пазируфтани узвияти Эрон ба созмони Шанхай мухолифат мекард, як далели асосиаш ҳамин буд, ки Эрон оппозитсияи исломии тоҷикро маблағгузорӣ мекунад.

Зиёд шудани гилагузориҳои роҳбарони ҲНИТ  ва Паймони миллӣ аз Эрон, ки дар ин авохир, аз ҷумла дар номае ба Раисӣ қабл аз сафараш ба Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад, баёнгари дар масъалаи ҳимояту пуштибониаш аз ҲНИТ таҷдиди назар кардани Теҳрон метавонад бошад.

Манобеи наздик ба роҳбарони ҲНИТ мегӯянд, бе ин ҳам Эрон чанд сол боз тақрибан ҳама каналҳои иртиботаш бо ин ҳизбро бурида, он пуштибонии андаки сиёсиеро ҳам, ки солҳои қабл намоиш медод, барвақт қатъ карда буд.

Роҳбарони Паймони миллӣ шояд ба ҳамин далел дар номаашон ба Раисӣ ишора карда буданд, ки Эрон яке аз кафилони сулҳи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар солҳои 90 буд ва ҳоло ин нақши кафилӣ аз ёдаш наравад.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки Теҳрон ҳифзи манфиатҳояш дар Тоҷикистон, даричаи асосиаш барои густариши нуфуз дар Осиёи Марказиро бар идомаи пуштибонӣ аз ҳизбе, ки аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ронда шудааст,  бартарӣ додааст ва ин, ба бовари коршиносон, меҳвари воқеияти навест, ки дурнамои равобити Душанбеву Теҳрон бар пояи он таъмир хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button