ЧАРИДАН РАМА ДОРАД… 116 САР ЧОРВОИ СОКИНИ РӮДАКӢ КУҶО ШУД?
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 9 октябри соли 2023 аз ошкор шудани боз се ҳолати қаллобӣ ба маблағи қариб 700 ҳазор сомонӣ хабар дод.
Аз ҷумла ба ШВКД шаҳри Ваҳдат аризаи марди 46-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст, ки 6-уми октябри соли 2023, марди 46-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 261 сар чорвои майдаи шохдорро барои чаронидан гирифта, ҳангоми ба охир расонидани мавсими чарогоҳ 116 сар чорвояшро ба маблағи 320 ҳазор сомонӣ надода, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин ба ШВКД-2 ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 42-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки соли 2015 зани 47-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, хонаи истиқоматиашро ба маблағи 35 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда, ба ӯ 20 ҳазору 700 доллари амрикоӣ дода, ваъда додааст, ки маблағи боқимонда иборат аз 14 ҳазору 300 долларро дар муддати як ду моҳ пардохт мекунад, аммо бо гузашти инак 8 сол маблағи боқимондаро то ҳол надодааст. Гумонбаршаванда бидуни иҷозати соҳибмулк бо роҳи сохтакорӣ хонаи истиқоматии зикргардидаро ба ному насаби худаш ҳуҷҷатгузорӣ намуда, боқимонда маблағро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Ҳисор 27-уми январи соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ҷабрдида ду адад автомашинаи тамғаи «Тойота Камри-2» ва тамғаи «БМВ Х-6»-ро, ки ӯ ба фурӯш бароварда буд, 245 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, аз ин маблағ ба ҷабрдида 100 ҳазор сомониашро дода, ҳарду мошинро гирифтааст ва ба соҳиби мошинҳо ваъда додааст, ки боқимонда пулашро то 11-уми феврали соли 2023 бармегардонад, аммо гумонбаршаванда бо ҳамин ғайб зада, мошинҳоро ба номи худ ҳуҷҷатгузорӣ намуда, ба дигарон фурӯхтааст ва маблағашонро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Зарари расонидашуда 145 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои қаллобӣ, бахусус мавридҳои фиреб ҳангоми муомилаҳои тиҷоратӣ хеле зиёд шудааст. Афроди қалбдаст мардуми зудбоварро бо ҳар роҳу ҳар баҳона, аксаран дар муомилаҳои тиҷоратӣ, фиреб дода, пул ё молҳояшонро аз худ мекунанд.
Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 1491 мавриди қаллобӣ сабт шудааст, ки ин қариб 13 фоиз аз ҷамъи 11 ҳазору 612 ҷинояти дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар рухдодаро ташкил медиҳад. Соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор мавриди қаллобӣ ошкор шуда буд. Ба ҳисоби миёна ҳар ҷинояти ҳаштум дар Тоҷикистон ин қаллобист. Аз он бештар танҳо дуздист, ки қариб панҷяки ҷамъи ҷиноятҳоро дар кишвар ташкил медиҳад.
Ва аммо омори расмии ВКД тамоми мавридҳои мавҷудаи мардумфиребиро дар бар намегирад. Дар бисёр ҳолатҳо мардуми фиребхӯрда даводав ба мақомот барои рӯёндани маблағҳои аздастдодаи худро беҳуда дониста ба мақомот муроҷиат намекунанд ваё то охирин лаҳза қаллобон онҳоро умедвор мекунанд, ки имрӯз ё пагоҳ пулашонро бармегардонанд. Ҳолатҳое низ ҳаст, ки мақомот ба хотири зиёд нашудани мавридҳои сабтшудаи қаллобӣ аз пазируфтан ва сабт кардани аризаҳои ҷабрдидагон саркашӣ мекунанд.