ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БАРХӮРДИ ДУ “ОПЕЛ” ДАР НОҲИЯИ ҒАФУРОВ ЯК КУШТА ВА 6 ЗАХМӢ БА ҶО ГУЗОШТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 7-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 13:00, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Хӯҷамбердиев Асатулло Шукруллоевич, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ), ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи восита нақлиёт баромада натавониста, ба самти муқобили роҳ баромадааст ва ба мошини тамғаи «Опед-Астра», таҳти идораи Шоҳраҳимов Шоҳмақсад Шоҳбурҳонович, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Истаравшан бархӯрдааст.

Дар натиҷаи бархӯрд, мусофири “Опел”-и аввал Хӯҷамбердиев Дилшодбек Асатуллоевич, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Другие пассажиры: Баротова Марҷона Улуғбековна, с.т. 2005, Нишонаи Қаҳрамон, с.т. 2005, сокинони ш. Истаравшан, Абдуллоева Барно, с.т. 1988, сокини шаҳри  Хуҷанд, Оқилова Нигина Музаффаровна, с.т. 1978, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳамчунин ҳарду ронанда Хӯҷамбердиев А.Ш. ва Шоҳраҳимов Ш.Ш. бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Тафсилоти дигари ҳодиса нашр нашудааст. ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ин пеш аз як садамаи марговари рӯзи 7 ноябр хабар дод, ки як оиларо дар шаҳри Душанбе ғарқи мотаму андӯҳ кард.

Гуфта мешуд, шоми 7-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Опел Мериба”, Саидзода Шодмон Маҳмурод, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Д.Халқҳои пойтахт аз самти кӯчаи Н.Муҳаммад ба самти кӯчаи С.Айнӣ, пиёдагардон Зарипова Моҳира, соли таваллудаш 1985 ва Зарипова Марҷона, соли таваллудаш 2004, сокинони пойтахтро пахш намудааст.

Дар натиҷа, ҳарду бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мутаассифона, Зарипова Моҳира дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button