ТАБИБИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ ҶОНИ ЯК ЗАНИ МУСОФИРРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД

Зодаи Тоҷикистон Мукамил Сангинов, ки ба ҳайси табиби қалб (кардиолог) дар бемористони №1 шаҳри Нижний Тагили вилояти Свердловски Русия кор мекунад, тайи якуним соат кори муназзами қалби як зани мусофири дар электричка, ё қатори роҳи оҳани Качканар – Екатеринбург аз ҳуш рафтаро нигоҳ дошта, амалан ин занро аз марг наҷот дод. Дар бораи корнамоии ин табиби зодаи Тоҷикистон департаменти сиёсати иттилоотии ҳукумати вилояти Свердловск хабар дод.
“Аҳволи як зан аз мусофирони қаторе, ки аз Нижний Тагил ба пойтахти минтақаи Урал мерафт, бад шуда, ӯ аз ҳуш рафтааст ва фишораш то ба ҳадди хатарнок пойин рафтааст. Атрофиён ба кумак даъват кардаанд ва хушбахтона, Мукамил Сангинов, ки низ дар ҳамон қатор сафар дошт, зуд ба кумаки ин зан шитофтааст”, — хабар доданд дар ҳукумати вилояти Свердловск.
Мукамил Сангинов пеш аз ҳама фишори хуни зани азҳушрафтаро санҷида, муайян кардааст, ки фишори хуни ӯ то ба ҳадди 50/30 пойин фаромадааст.
Ба болои ин, меҳмондорон ё проводникҳои қатор бо худ танҳо дока (бинт) ва жгут доштаанду халос. Ба ин сабаб, Мукамил Сангинов аз мусофирони дигар хоҳиш кардааст, ки агар касе бо худ шоколади талх ва қаҳва дошта бошад, биорад. Бо ҳамин чанд чизи дар зери дасташ дошта, яъне тонометр барои санҷидани фишори хун ва қаҳваву шоколад Мукаммил Сангинов дар давоми якуним соат, то расидани қатор ба вокзали Екатеринбург кори қалби зани мадҳушро ҳифз кардааст ва дар вокзал ӯро ба дасти табибон аз “Ёрии таъҷилӣ” супурдааст.
Ҳоло аҳволи ин зан беҳтар шудааст ва ӯро барои такмили табобаташ ба бемористони вилояти №1 ба назди табиби қалбу набз (кардиолог-аритмолог) фиристодаанд.
Духтари ин зан Юлия, ки модарашро дар он сафар бо қатор ҳамроҳӣ мекард ва баъди аз ҳуш рафтани модараш даступохӯрда шуда, намедонист, чӣ кор кунад, мегӯяд: “Мукамил Зайниевич билофосила ба кумаки мо шитофт ва то расиданамон ба Екатеринбург дар тӯли якуним соат бидуни ягон танаффус дасташро болои набзи модарам дошта, ӯро ба ҳуш меовард. Дар Екатеринбург модарамро ба сурати таъҷилӣ дар Маркази бемориҳои қалб бистарӣ карданд. Ҳазорон сипос ба Мукамил Зайниевич барои кори ҳирфаӣ, таваҷҷуҳ ва ғамхориаш, ки инсони барои ман аз ҳама наздикро аз марг наҷот дод”.
Худи табиби тоҷик ин кореро, ки кард, корнамоӣ намешуморад ва ҳатто ба ҳамкоронаш дар ин бора хабар надодааст. Аз ин рӯ, вақте ки аз Александр Павловских, сартабиби бемористони №1 шаҳри Нижний Тагил дар бораи корнамоии зердасташ пурсиданд, ӯ эътироф кард, ки дар ин бора хабар надорад, вале аз он ки дар бемористони онҳо табибоне, чун Мукамил Сангинов кор мекунанд, изҳори ифтихор ва низ арзи сипос кард. Мукамил Сангинов бошад дар посух ба ин ҳама изҳори сипос танҳо табассуме кардаасту бас.
Мукамил Зайниевич Сангинов аз Панҷакенти Тоҷикистон буда, донишгоҳи тиббиро дар Душанбе хатм кардааст. Ӯ чанд муддат дар бемористони “Якум Советский” ва як шифохонаи хусусӣ дар шаҳри Душанбе кор карда, соли 2021 ба Нижний Тагил кӯчид ва инак, як сол боз дар бемористони шаҳрии №1 ба ҳайси духтури қалб кор мекунад.
Бино ба ҳисобҳо, дар солҳои охир беш аз 10 ҳазор аз табибону ҳамшираҳои тиббӣ ва дигар кормандони соҳаи тиб аз Тоҷикистон тибқи барномаи давлатии “Переселение” ба Русия кӯчидаанд. Коршиносон аз он дар ташвишанд, ки Русия ба сурати пайгирона табибони пуртаҷрибаи тоҷикро гулчин карда мебарад ва ҷои онҳоро дар худи Тоҷикистон афроди камтаҷриба ва ҳатто камдониш пур мекунанд.

