САНГИ ПУРДАБДАБАИ САРИ ҚАБРИ РУСТАМ АШӮРОВРО ВАЙРОН КАРДААНД

Нашрияи “СССР” хабар дод, ки мақомот дар пайи норозигии наздикони бонкдори маъруф Шуҳрат Исматуллоев санги муҳташаму пурдабдабаи сари қабри қотили ӯ Рустам Ашӯровро вайрон кардаанд. Рустам Ашӯров яке аз иштирокчиёни асосии амалиёти рабудан ва шиканҷаву қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” буд. Ӯ рӯзи 30 июни соли 2023, дар роҳи фирор аз Тоҷикистон, дар фурудгоҳи Кишинёв ду афсари молдованро кушта, ҳангоми боздошт худаш ҳам беш аз 10 тир хӯрд ва баъди чанд рӯз дар бемористон ҷон дод.
Сафорати Тоҷикистон дар Украина, ки умури Молдоваро низ дар даст дорад, ҳамон шабу рӯз хабар дода буд, ки мақомоти Молдова ҷасади Рустам Ашӯровро ба яке аз хешовандонаш, ки барои бурдани ҷасад ба Кишинёв омада буд, супурдаанд.
Дар миёнаҳои моҳи июл хабар расид, ки Рустам Ашӯровро дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурдаанд. Иттифоқан ҷанозаи Шӯҳрат Исматуллоевро низ баъди пайдо кардану анҷоми ташхисҳои тиббию додгоҳӣ ва ташхиси ДНК дар ҳамин оромгоҳ ба хок супурданд.
Бино ба иттилои “СССР”, модари Рустам Ашӯров баъди дафни писараш дар сари қабри ӯ як санги муҳташами ёдгорӣ гузоштааст.
“СССР” менависад: “Воқеан ҳам ҷасади ин террорист, одамрабо ва одамкушро, пас аз оне, ки дар Кишинёв кушта шуд, модараш бо пули калон овардаву дар мазори Сари Осиёи пойтахт гӯронида, сари гӯраш марқади бузурге бунёд намуд! Ин шояд нахустин бор аст, ки ҷасади террористро меоранду чун қаҳрамон марқадаш мегузоранд. Дар дигар давлатҳо ин амали номумкин аст! Ва танҳо баъди дахолати наздикону пайвандони Шуҳрат Исматуллоев мақомот ин марқадро вайрон карданд. Вале мутмаин бошед, ки боз ин марқаду ин мақбара қомат меафрозад. Зеро дар мо ҳама чиро пул ҳал мекунад…”
Нашрия ҳамзамон дар бораи боздошту бозҷӯии дар умум наздики 50 нафар дар робита ба қатли Шуҳрат Исматуллоев ва ҳоло ифшо шудни фармоишгару иштирокчиёни ин ҷиноят аз сӯи раҳбари ин гуруҳи ҷиноӣ Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ”, хабар дода, навиштааст, ки сабаби чунин фосилаи бузург аз рӯзи пайдо кардани ҷасади Исматуллоев (12 июл) то рӯзи дафни ҷанозааш (30 август) ин будааст, ки наздикони бонкдор тикаҳои ҷасади ӯро ба Маскав бурда, барои пурра мутмаин шудан, ки ин ҷасади ӯст, дубора ташхиси ДНК кардаанд.
“…ҳарчанд экспертизаи дохилӣ аз рӯи ДНК ва дандонҳо муайян намуд, ки ин ҷасади бонкири маъруф аст, вале бародарони Шуҳрат тикаҳои ҷасадро барои ташхиси дақиқ ба Маскав фиристониданд. Танҳо баъди далели экспертизаи хориҷӣ ҷанозаи Шуҳрат Исматуллоев дар ҳамон мазори Сари Осиё, ки ҷасади қотилаш кайҳо мехуспид, ба дасти хок рафт. Ҷояш ҷаннат, заб марди хубе буду аҷаб ҷавони саховатманду маҳфилоро ва доиман лабдартабассум…Дар робита ба дуздӣ ва марги Шуҳрат Исматуллоев то ба имрӯз наздики 50 нафар боздошту мавриди бозпурсӣ қарор дошта, Дилшоди СБ фармоишгар ва иштирокчиёни ин ҷинояти гуношунидро дар Тоҷикистон ҳоло ифшо месозад”, – навиштааст “СССР”.
Бино ба фарзияи тафтишот, одамрабоён дар умум 16 нафар буда, дар рабудан, азобу шиканҷа ва қатли Шуҳрат Исматуллоев 5 нафари онҳо: Дилшод Саидмуродов, Акбар Ахмедов, Рустам Ашӯров, Шоҳрух Хӯҷаев ва Бахтовар Сафаров иштироки фаъол доштаанд. Ҳамин 5 нафар шоми 23 июни соли 2023 Исматуллоевро аз назди хонааш дар маҳаллаи 8 Март ба мошин бор карда, ба як манзили аз қабл иҷорагирифташуда дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд. Исматуллоев соати сеи субҳи 24 июн баъди 7 соати шиканҷааш дигар ба ин ҳама азобу уқубат тоб наоварда, ҷон додааст. Одамрабоён ҷасади ӯро ҳамроҳи мошин ба дарёи Зарафшон партофта фирор кардаанд. Ҷасади Исматуллоевро баъди 50 рӯзи ҷустуҷӯ рӯзи 12 август аз мавзеи Саразми Панҷакент пайдо карда, рӯзи 30 август ба хок супурданд.
То имрӯз аксари одамрабоён дастгир шудаанд. Танҳо сарнавишти Шоҳрух Хӯҷаев маълум нест ва Рустам Ашӯров, ки билофосила баъди куштани Исматуллоев ҳамроҳи Хӯҷаев ба Туркия фирор карда буд, рӯзи 30 июн аз Истанбул ба Кишинёв парвоз кард. Вале ӯро ба марзи Молдова роҳ надоданд ва ӯ пистолети як марзбони молдованро кашида гирифта, ду афсарро парронд ва сипас дар ҷараёни як амалиёти вижа ҷароҳати зиёд бардошта, рӯзи 3 июн дар бемористон ҷон дод.
Тафтишот Дилшод Саидмуродовро роҳбар ва тарроҳи ин ҷиноят мешуморад. Ӯро дар аввали моҳи октябр ба Тоҷикистон истирдод карданд. Дар чанд видеои бозпурсиаш, ки нусхаҳояш ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, “Дилшоди Красавчик” баёнот дод, ки аз байн бурдани Исматуллоевро ба онҳо шарики ин бонкдор дар тиҷорати хонасозӣ Қамар Азизов, амакбачаи овозхонҳои гуруҳи овозадори “Анис” фармоиш додааст. Ӯ ҳамчунин баёнот дод, ки гӯё Қамар Азизов аз онҳо аз байн бурдани вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабирро ҳам хоста буд ва гӯё гуфтааст, ки “Шералӣ аз Шуҳрат ҳам пули зиёдтар дорад”.
Қамар Азизов аз рӯзи рабудани Шуҳрат Исматуллоев дар ҳабс қарор дорад ва барои шарҳи ин иддао дастрас нест. Наздиконаш то кунун дар бораи сарнавишти ӯ изҳори назар накардаанд.
Шералӣ Кабир низ то кунун иддаои “Дилшоди Красавчик”-ро шарҳ надодааст.

