ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РОНАНДАИ “ОПЕЛ” ДАР ПОЙТАХТ ДУ ХОҲАРРО ПАХШ КАРД. ЯКЕИ ОНҲО ҶОН ДОДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз як садамаи марговар хабар дод, ки як оиларо дар шашри Душанбе ғарқи мотаму андӯҳ кард.

Шоми 7-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Мериба”, Саидзода Шодмон Маҳмурод, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Д.Халқҳои пойтахт аз самти кӯчаи Н.Муҳаммад ба самти кӯчаи С.Айнӣ, пиёдагардон Зарипова Моҳира, соли таваллудаш 1985 ва Зарипова Марҷона, соли таваллудаш 2004, сокинони пойтахтро пахш намудааст.

Дар натиҷа, ҳарду бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мутаассифона, Зарипова Моҳира дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса нашр нашудааст. ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button