ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

“МЕРСЕДЕС”-РО НАСЯ ГИРИФТУ ГУМ ШУД… ШУРӮИ ПАРВАНДА БА ЗИДДИ СОКИНИ ҒАФУРОВ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 9 ноябри соли 2023 аз ошкор шудани боз як ҳолати қаллобӣ ҳангоми харидуфурӯши мошин хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 43-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, моҳи апрели соли 2023, ба боварии марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ мошини шахсиаш, тамғаи «Мерседес-Бенс-550»-ро ба маблағи 124 ҳазор сомонӣ тариқи насия гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 247, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Тафсилоти дигари ин ҳолати мардумфиребӣ нашр нашудааст. Худи марди гумонбар ба қаллобӣ ва ҷабрдида барои шарҳи мустақими моҷарои байни онҳо дастрас нестанд.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои қаллобӣ, бахусус мавридҳои фиреб ҳангоми муомилаҳои тиҷоратӣ хеле зиёд шудааст. Афроди қалбдаст мардуми зудбоварро бо ҳар роҳу ҳар баҳона, аксаран дар муомилаҳои тиҷоратӣ, фиреб дода, пул ё молҳояшонро аз худ мекунанд.

Бино ба омори ВКД,  дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 1491 мавриди қаллобӣ сабт шудааст, ки ин қариб 13 фоиз аз ҷамъи 11 ҳазору 612 ҷинояти дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар рухдодаро ташкил медиҳад. Соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор мавриди қаллобӣ ошкор шуда буд. Ба ҳисоби миёна ҳар ҷинояти ҳаштум дар Тоҷикистон ин қаллобист. Аз он бештар танҳо дуздист, ки қариб панҷяки ҷамъи ҷиноятҳоро дар кишвар ташкил медиҳад.

Ва аммо омори расмии ВКД тамоми мавридҳои мавҷудаи мардумфиребиро дар бар намегирад. Дар бисёр ҳолатҳо мардуми фиребхӯрда даводав ба мақомот барои рӯёндани маблағҳои аздастдодаи худро беҳуда дониста ба мақомот муроҷиат намекунанд ваё то охирин лаҳза қаллобон онҳоро умедвор мекунанд, ки имрӯз ё пагоҳ пулашонро бармегардонанд. Ҳолатҳое низ ҳаст, ки мақомот ба хотири зиёд нашудани мавридҳои сабтшудаи қаллобӣ аз пазируфтан ва сабт кардани аризаҳои ҷабрдидагон саркашӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button