Ҳавопаймои мусофиркаши ширкати русии ҳавопаймоии Utair, ки аз шаҳри Маскав, пойтахти Русия, ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон парвоз мекард, ба далели бемор шудани як мусофираш ба сурати фавқулодда дар фурудгоҳи шаҳри Атирау дар шимоли Қазоқистон фуруд омадааст. Дар ин бора Телеграм-канали “Авиаинтсидент”, ки ҳодисаҳои фавқулодда дар ҷараёни парвозҳоро дар саросари олам пайгирӣ мекунад, хабар дод. Бино ба иттилои ин манбаъ, ин ҳодисаи фавқулоддаи рӯзи 4 ноябри соли 2023 рух додааст.
“Ҳангоми анҷоми парвози ширкати “Utair” дар хатсайри Маскав (Русия) — Душанбе (Тоҷикистон) аҳволи саломатии яке аз мусофирон бад шудааст. Ба ин далел экипажи ҳавопаймои тамғаи Боинг-767 маҷбур шудааст, ки дар фурудгоҳи Гурев дар вилояти Атирауи Қазоқистон фуруд биояд”, — гуфта мешавад дар хабар.
Гурев ҳанӯз соли 1992 ба Атирау табдили ном карда, маркази маъмурии вилояти Атирау дар қисмати аврупоии Қазоқистон аст. Шаҳри Атирау бо беш аз 300 ҳазор аҳолӣ дар соҳилҳои шимолии баҳри Каспий, дар фосилаи ҳамагӣ 350 километр аз шаҳри Астрахани Русия ҷойгир шудааст.
Бино ба иттилои “Авиаинтсидент”, экипажи ҳавопаймо қабл аз нишастан дар бораи аз меъёри нишаст зиёд будани вазнаш низ хабар додааст. Бино ба ҳисобҳо, вазни аз меъёр барзиёди ҳавопаймо тақрибан 800 кило будааст ва экипаж қабл аз фуруд омадан дар фазои Атирау чанд даври иловагӣ задааст, то маводи сӯхташро бисӯзонад ва вазни худро кам кунад.
Дар ниҳоят ҳавопаймо бидуни мушкил тавонистаст фуруд биояд ва табибони маҳаллӣ ба мусофири бемор кумаки оҷили тиббӣ расондаанд. Баъди муоинаи ҳолати фаннии ҳавопаймо дар фурудгоҳи Атирау, ба экипаж барои идомаи парвоз иҷозат додаанд.
Тафсилоти дигари ҳодиса оварда нашудааст. Маълум нест, мусофири парвози Маскав – Душанбе гирифтори чӣ беморие шудааст, ки ҳавопаймо дар ними роҳ дар наздиктарин фурудгоҳ нишаст?
Ширкати Utair то ҳол ин ҳодисаи фавқулоддаи рухдода бо ҳавопаймояш дар роҳи парвоз ба Тоҷикистонро шарҳ надодааст.
“Авиаинтсидент” зикр кардааст, ки ҳавопаймое, ки дучори ин ҳолати фавқулодда шуд, ба номи сарвазири собиқи Русия Виктор Черномирдин номгузорӣ шудааст. Ширкати ҳавопаймоии Utair соли 2018 ба шарафи 80-солагии сарвазири фақиди Русия як ҳавопаймои Боинг-767-ашро “Виктор Черномирдин” ном карда буд.
Ин ҳодисаи фавқулодда бо ҳавопаймои роҳии Тоҷикистон дар ҳоле рух дод, ки ин шабу рӯз мавҷи мавсими муҳочирони корӣ аз Русия ба кишварҳои зодгоҳашон фаро расидааст.
Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини ризқу рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Бо расидани фасли сармо, асосан дар фасли тирамоҳ аксари ин муҳоҷирон аз минтақаҳои иқлимашон қаҳратуни Русия ба Ватан бармегарданд.