ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 38 ҶОЙНАМОЗ, 49 РӮЙМОЛ ВА 100 ТАСБЕҲ АЗ ЯК ЗАНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ЧЕЛЯБИНСК (2 АКС)

Дар фурудгоҳи шаҳри Челябински Русия кормандони боҷхона (гумрук) як зани мусофир аз Тоҷикистонро, ки бо худ ду сумкаи пур аз бор дошт, манъ кардаанд. Ин зан исрор меварзид, ин ҳамаро ҳамчун туҳфа барои дӯстонаш оварда истодааст, вале кормандони боҷхона молҳои аз бағочи ӯ ёфтшударо ҳамчун молҳои тиҷоратӣ дониста, мусодира кардаанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти боҷхонаи Челябинск, як зани мусофири 29-сола, ки аз Тоҷикистон ба Челябинско омада буд, талош кардааст, ки бо ду сумкаи пур аз бор тавассути “роҳрави сабз” гузарад. Бо гузаштан аз “роҳрави сабз” мусофирон нишон медиҳанд, ки чизе барои эълом кардан дар боҷхона ё гумрук надоранд.

Кормандони боҷхонаи фурудгоҳи Челябинск ин мусофирро манъ карда, бағочи ӯро, ки вазнини умумиаш 37 килоро ташкил дод, тафтиш кардаанд. Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки ин ҷавонзан бо худ 38 ҷойнамоз, 49 рӯймол ва 100 тасбеҳ доштааст. Ӯ дар суҳбат бо кормандони боҷхона пойфишорӣ кардааст, ки ин ҳамаро ҳамчун туҳфа барои дӯстонаш мебарад. Аммо кормандони боҷхона ба ин тавзеҳи ӯ бовар накардаанд ва хулоса додаанд, ки молҳои гирифташуда аз ин зани тоҷикистонӣ молҳои тиҷоратӣ аст ва ӯ мебоист қабл аз ворид кардани онҳо ба қаламрави Русия молҳояшро тавассути эъломияи гумрукӣ нишон медод.

Нисбат ба ин зан бо иттиҳоми кӯшиши қочоқи молҳо ба қаламрави Русия протоколи маъмурӣ тартиб додаанд. Ба ӯ барои ин кор ҷарима таҳдид мекунад. Албатта, ҷойнамозу рӯймолу тасбеҳҳои аз ӯ гирифташударо низ метавонанд мусодира кунанд.

Дар ҳамин ҳол, як муҳоҷири тоҷики муқими Русия рӯзи 8 ноябр ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ки борҳои аз ин зан мусодирашуда аслан барои тиҷорат набуд.

“Ҳамсари ман ба зиёрати Ҳаҷ рафтааст. Азбаски пойҳояш дард мекунанд, бо худ аз Маккаву Мадина овардани туҳфаҳо мушкил буд. Ба ҳамин хотир, мо туҳфаҳоро дар Тоҷикистон фармоиш додем ва ин хоҳар, ки бо ду фарзандаш ба Русия меомад, розӣ шуд, ки бо худ ин туҳфаҳоро биорад. Мутаассифона, дар фурудгоҳ ҳамаашро гирифтанд. Ин молҳо ҳамааш барои кори савоб буд, на барои тиҷорат”,  – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти боҷхонаи Челябинск

Snow leopard (Panthera uncia), lying on rocks, captive, Germany, Europe
Snow leopard (Panthera uncia), lying on rocks, captive, Germany, Europe

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button