ҲУШДОР: РӮЗҲОИ 8-9 НОЯБР ДАР ТОҶИКИСТОН БОРОН ВА ДАР КӮҲҲО ҲАТТО БАРФ МЕБОРАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ ба самъи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки рӯзҳои 8-9 ноябри соли 2023 дар Тоҷикистон обуҳовои номусоид пешбинӣ шуда, борон меборад. Ин боришот дар манотиқи беш аз 2 ҳазор метр баландтар аз сатҳи баҳр метавонад ба барф мубаддал гардад. Боришоти шадид дар қалмрави вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.
Рӯзҳои 8-10 ноябри соли 2023 дар водиҳои ва ноҳияҳои кӯҳистонии тобеи марказ ва дар вилояти Суғд хатари фурӯ рехтани селҳо боло меравад. Боришот метавонанд сабаби баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои Ёхсӯ, Қизилсӯи ҷанубӣ ва дарёҳое шавад, ки аз кӯҳҳои ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ шаванд.
Ба ин сабаб, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои бидуни зарурат тавассути роҳҳҳои кӯҳистонро маҳдуд кунанд, аз анҷоми корҳои саҳро ва шикору ҳезумчинӣ дар манотиқи кӯҳистон муваққатан даст кашанд ва ҳангоми истифодаи бухорӣ ва дигар таҷҳизоти гармидиҳанда қоидаҳои зидди сӯхторро қатъиян риоя кунанд.
Дар ин рӯзҳои сард Кумита ҳамчунин аз сокинон хостааст, ки ин қоидаҳои бехатариро риоя намоянд:
- Дар хонаҳои истиқоматӣ бо вуҷуди будани системаи гармидиҳӣ аз рӯи эҳтиёт захираҳои сӯзишворӣ бояд дошта бошед.
- Хонаҳоро гарм нигоҳ доред, чунки хона ягона паноҳгоҳи шумо дар рӯзҳои сард аст. Пеш аз паст шудани ҳарорати хона системаҳои гармидиҳии мустақилро фаъол кунед. Барои пешгирй кардани сӯхтор аз истифодаи асбобҳои барқӣ ва обгармкунандаҳои дастсохт худдорӣ намоед.
- Ҳангоми шамоли сахт зери дарахтон, пояҳои сусти рекламаҳо, симчӯбҳои барқ наистед.
- Либоси гарм пӯшед, ба кӯдакон ва калонсолон аҳамияти бештар бидиҳед.
- Ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятии мавсимӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ниқоб бипӯшед ва дастонатонро бештар бишӯед.
- Онҳое, ки дар деҳот ба сар мебаранд, бояд ғами бехатариву амнияти чорвои худро ҳам хӯранд ва захираи кофии ғизои чорво дошта бошанд.
- Ба соҳибони мошинҳои шахсӣ тавсия дода мешавад, ки сари вақт чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз кунанд. Ҳангоми ба сафар баромадан ҳатман бо худ бел, ресмону бандҳо, фонусҳо, халтаи қум, ғизои кофӣ барои муҳлати сафар дошта бошанд.
Агар мошини шумо вайрон шуд ва ё дар яху барф дармонд:
– то расидани кумак дар дохили мошин бимонед, ҳавои дохили мошинатонро бо таҷҳизоти шамолдиҳанда тоза нигоҳ доред. Агар пай бурдед, ки дар атрофатон касе осеб дидааст, кумаки худро дареғ надоред.
Ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода ва ё рӯйдоди нохӯш шумо метавонед ба телефонҳои зерин ба навбатдори фаврии КҲФ муроҷиат намоед:
- – Қисми навбатдории Кумита-112, 221-91-19, 223-13-11
- – Навбатдори масъул дар шаҳри Душанбе – 225-44-62, 225-44-76
- – Навбатдори масъул дар ВМКБ – рамз 3522 тел: 24057, 22744
- – Навбатдори масъул дар вилояти Суғд – рамз 3422 тел: 51555, 57995
- – Навбатдори масъул дар вилояти Хатлон– рамз 3222 тел: 23505, 27827
- – Навбатдори масъул дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб– рамз 3322 тел: 21656, 21657
- – Навбатдори масъул дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт– рамз 3131 тел: 22374
- – Навбатдори масъул дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисор– рамз 3139 тел: 26074

