ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

БОЗДОШТИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧЕЛЯБИНСК БАРОИ КУШТОРИ 21 СОЛИ ПЕШ (3 АКС)

Як марди 42-солаи зодаи Тоҷикистон баъди 21 сол дар вилояти  Челябински Русия бо иттиҳоми куштори як сокини маҳаллӣ дар соли 2002 ба ҳабс гирифта шудааст.

Раёсати тафтишоти вилояти Челябинск рӯзи 7 ноябри соли 2023 бо нашри 3 акс аз ҷараёни ҳаракатҳои тафтишотӣ хабар дод, ки дар куштори 21 соли пеш даст додани шаҳрванди қаблан ҳам зиндонишудаи Тоҷикистон аз ҷумла бо кумаки ташхисҳои генетикӣ ошкор карда шудааст.

Мақомоти тафтишотии Челябинск ҳанӯз ҳамон соли 2002 дар робита ба куштори як сокини маҳаллӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд, вале ин куштор 21 сол боз нокушода боқӣ монда буд.

Бино ба маводи парванда, санаи 10 феврали соли 2002 дар соатҳои рӯзона шаҳрванди Тоҷиктстон бо мақсади ба даст овардани пулу мол ба як сокини Челябинск ҳамла оварда, ӯро аввал бо зарфи шишагӣ ба сараш зада, аз пой афтондааст ва сипас ба гарданаш чанд зарбаи корд задааст. Ҷабрдида бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Дар ҷараёни тафтиши ин парванда ва санҷидани гумонбаршавандагони эҳтимолӣ ба тафтишот муяссар шудааст, ки генотипи як шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1981-ро ба даст биоранд. Ташхиси генотипоскопии чизҳои аз маҳалли куштори соли 2002 гирифташуда даст доштани ин зодаи Тоҷикистонро дар он ҷинояти одамкушӣ исбот кардааст.

 “Ҷиноят баъди 21 сол ошкор гардида, нафаре, ки ин ҷиноятро содир кард, ба даст афтод. Ба ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми одамкушӣ айб эълон карда шуда, додгоҳ бо дархости муфаттиш ӯро ба ҳабс гирифт. Ҳоло анҷоми ҳаракатҳои тафтишотӣ бо мақсади ҷамъоварӣ ва таҳкими далелҳои исботкунанда идома доранд”, – хабар додааст раёсати тафтишоти вилояти Челябинск.

Худи шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистон ваё наздикон ё адвокати ӯ барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Ба боздоштшуда бар асоси қисми дуюми моддаи 105 барои одамкушӣ ва ғоратгарӣ ҳамчун ҷазо аз 8 то 20 соли зиндон ё ҳукми зиндони умрбод таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button