БОЗ 18 КИЛОМЕТРИ МАРЗИ ПУРҶАНҶОЛИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МУАЙЯН КАРДА ШУД

Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 8 ноябри соли 2023 бо нашри баёнияҳои кӯтоҳи ҳамсон ва бидуни овардани ҷузъиёт дар бораи тавофуқи ду ҷониб бар сари боз қариб 18 километр аз қитъаҳои баҳсӣ дар марзи байни ин ду кишвар хабар доданд. Марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои охир ба марзи аз ҳама ноором дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.
Бар асоси ин иттилоияи расмӣ, дар асоси тавофуқи ҷонибҳо аз 1 то 8 ноябри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
“Гурӯҳҳои кории топографӣ 17,98 километри сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд. Аз рӯйи натиҷаи ҷаласа Протоколи дахлдор ба имзо расид. Ҷаласа дар вазъияти дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.
Тафсилоти дигар дода нашудааст ва маълум нест, ки ду ҷониб ин бор бар сари кадом қитъаҳои баҳсии марз даст ба тавофуқ ёфтанд. Вале дар иттилоия гуфта мешавад, ки ҷонибҳо тааҳҳуд супурдаанд, ки дар ҷаласаи навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон доир мегардад, “корҳоро оид ба аломатгузории минтақаҳои боқимонда идома медиҳанд”.
Баъди чандин соли бунбаст, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар таъйин ва аломатгузории минтақаҳои баҳсии марзи худ ягон километр пеш рафта натавонистанд, Душанбе ва Бишкек дар як моҳи охир инак бори сеюм дар бораи пешравӣ дар музокироти марзӣ хабар медиҳанд.
Рӯзи 8 октябр дар пайи музокироти гуруҳҳои харитасоз ё топографии ҳайъатҳои давлатии ду кишвар оид ба таъйин ва аломатгузории марзҳо, ки аз 3 то 8 октябр дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор шуд, тарафҳо хабар доданд, ки боз 43 километру 320 метри марзи умумии байни ин ду кишварро мушаххас кардаанд. Дар даври баъдии музокирот, ки аз 12 то 18 октябри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон доир шуд, Душанбе ва Бишкек дар мавриди боз қариб 18 километр қитъаҳои баҳсӣ ба созиш расиданд.
Дар умум дар як моҳи охир Тоҷикистону Қирғизистон бар сари қариб 75 километр марзи байни ду кишвар ба тавофуқ даст ёфтанд. Ин 20% ё панҷяки тамоми минтақаҳои баҳсии то ҳол таъйин ва аломатгузориношуда дар марзи пурҷанҷоли ин ду кишвари ҳамсояро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун тақрибан 350 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.
Дар ду соли охири 2021-2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 240 нафар кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд.
Аммо муноқишаи аз ҳама хунин муноқишаи рӯзҳои 16-18 сентябри соли 2022 буд, ки Қирғизистон кушта шудани 36 нафар аз ҷониби худро хабар дод ва расонаҳои Тоҷикистон рӯйхатти беш аз 80 кушташуда аз тарафи дигарро нашр карданд. Ин муноқиша хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути СССР дониста мешавад.