ВидеоМуҳоҷиронСиёсатҲуқуқи инсон

ДАЪВАТИ ВАЗИРИ ДОХИЛАИ РУСИЯ БА ИХРОҶИ БЕРАҲМОНАИ МУҲОҶИРОН (ВИДЕО)

Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев аз мақомоти қудратӣ ва амниятии кишвараш хост, то кормандони ин ниҳодҳо муҳоҷирони кориро зери назорати ҷиддӣ қарор дода шаванд. Мансабдори баландпояи рус таъкид кард, ки “муҳоҷироне, ки даст ба қонуншиканӣ мезананд ва ба амнияти ҷамъиятӣ хатар эҷод мекунанд, аз Русия ихроҷ карда шаванд”.

Ҳамзамон ин вазири рус таъкид намуд, ки “бояд ниҳодҳои шиносномадиҳӣ ҳангоми додани шиносномаи русӣ ва ҳаққи иқомат (ВНЖ), ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро мӯшикофонона баррасӣ кунанд”.

Бино ба боварии вазири корҳои дохилии Русия, гӯё муҳоҷироне, ки қаблан аз Русия ихроҷ шуда будаанд, бо иваз кардани ном ва ё насаби худ дубора вориди хоки Русия шуда, ҳатто ё шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва ё соҳиби “ВНЖ” шудаанд. Аз ин рӯ Колоколтсев ба кормандони зердасташ амр дод, ки “ҳангоми ворид шудани муҳоҷирон ба хоки Русия ва пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои худ барои соҳиб шудан ба шаҳодатномаи русӣ, кормандони пулис бояд тафтиш кунанд, ки оё ин шахс ном ва насаби худро иваз кардааст ё на?”

Инчунин ӯ даъват намуд, ки “тадбирҳои иловагӣ бояд нисбати шахсоне, ки аз сабти изи ангушт ва гирифтани акс саркашӣ мекарданд, андешида шавад”. Дар идома вазири рус афзуд, ки “афроде, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, бояд аз хоки Русия бе додани фурсат барои шикоят аз чунин қарори мақомот ва тафтиши такрории парвандаи онҳо хориҷ карда шаванд ва илова бар он мақоми ҳуқуқии онҳо дар дохили Русия лағв карда шавад”.

Яъне, агар шахс шаҳрвандии Русия ва ё ҳаққи иқома (ВНЖ) дар Русия дошта бошаду бо кӯчактарин қонунвайронкунӣ гунаҳкор дониста шавад, пулиси Русия ҳақ дорад ин нафарро ба кишваре, ки таваллуд шуда буд, бе иҷозаи вуруди дубора ба хоки Русия ихроҷ кунад.

Колоколтсев замоне ин “тавсияҳои муҳим”-ро ҳангоми таъйини сардорони ниҳодҳои корҳои дохилии умҳурии Чеченистон ва вилояти Оренбургро  таъйин мекард. Чеченистон ҷумҳурии мусулмоннишин аст. Дар Оренбург низ мусалмонон зиёд ба сар мебаранд ва як вақтҳо шаҳри Оренбург ҳатто пойтахти Қазоқистон буд.

Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Русия, дар се соли охир мизони қонуншиканӣ аз тарафи муҳоҷирон 25% афзоиш ёфтааст. Вале додситони кули Русия мегӯяд, ки мизони қонуншиканӣ дар байни муҳоҷирон 10% нисбат ба солҳои қаблӣ боло рафта, мизони ихроҷи муҳоҷирон аз Русия низ нисбат ба соли 2022 дувуним фисад афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, ба ҳисоби сардори кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бо шиорҳо ва кирдори миллатгароёнаи худ ном баровардааст, мизони ҷинояткорӣ аз ҷониби муҳоҷирон то 37% боло рафтааст. Ба назар мерасад ин арқоми зиддунақиз, ки мансабдорони рус баёнгари мавқеъгирии муғризона ва миллатгароёнаи ин мансабдорон аст, то баёни воқеъият ё кӯшиши ислоҳи камбудиҳо.

Вақтҳои охир шиорҳои зидди муҳоҷирон дар забони мансабдорони баландпояи Русия, аз ҷумла дар забони аъзои калидии ҳукумати Русия хеле боло гирифтааст.

Дар баёни чунин ақидаҳо бавижа сардори Кумитаи тафтишот Бастрикин, вакили парлумон Сергей Миронов, узви Шӯрои ҳуқуқи инсон Кабанов ва волии вилояти Калуга Шапша пешсаф ё ба истилоҳи дигар “чемпион” буданд. Чунин ба назар мерасад, ки вазири дохилаи Русия Владимир Колоколтсев низ ба ин хайли “муборизон ба зидди муҳоҷирон” мепайвандад.

То ин дам борҳо мақомоти Русия даст ба иқдомҳое задаанд, ки ҳуқуқи муҳоҷиронро рӯирост поймол мекунанд. Ба болои ин ҳама парлумони Русия низ тарҳи қонунеро баррасӣ намуд, ки дар сурати пазируфта шуданаш, муҳоҷирон дигар дар соҳаҳои тандурустӣ, дорусозӣ, маориф, нақлиёт ва ҳамлу нақл кор карда наметавонанд.

Ахиран як ба ном сиёсатшиноси то ҳол гумноми рус пешниҳод кардааст, то пулҳоеро, ки муҳоҷирон аз Русия ба кишварҳои зодгоҳи худ мефиристанд, 30% “доля” банданд. Чизе, ки дар ягон кишвари дигари дунё нест. Яъне ҳар муҳоҷир бар иловаи андозҳои алакай ба буҷаи Русия пардохтааш бояд  аз ҳар 100 доллар ҳаққи ҳалоли худ, ки ба Ватан мефиристад, бояд 30 доллар, ва аз ҳар 1000 доллараш 300 доллар ба буҷаи Русия “ҳақ” бисупорад.

Пешниҳоде ҳавоӣ, вале нозирони умур мегӯянд, ки чандон аз ҳаво ҳам нест ва он ба ном “сиёсатшинос” хуб дарк кардааст, ки ҳоло чӣ шамолҳое аз тарафи Кремл вазида истодаанд ва ӯ танҳо кӯшиш кардааст, ки  дар ҳавои ҳамин обуҳавои Кремл “рақс” кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button