ВидеоМуҳоҷиронСиёсат

ТАЗОҲУРОТИ “ГУРУҲИ 24” ДАР ЗИНДОРФИ ОЛМОН БО ТАЛАБИ ОЗОДИИ БИЛОЛ ҚУРБОНАЛИЕВ (ВИДЕО)

Рӯзи 6 ноябри соли 2023 як гуруҳи тарафдорони ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” ва фаъолони тоҷик дар шаҳри Зиндорф дар шимоли устони Баварияи Олмон ба зидди боздошти узви ин ҳаракат Билол Қурбоналиев тазоҳуроти эътирозӣ доир карданд. Билол Қурбоналиев, ки дар байни аъзои ин гуруҳ бо номи “Усмон” маъруф аст, дар эътирозҳои рӯзҳои 28 ва 29 сентябр дар Берлин фаъолона иштирок дошт ва ба гуфтаи ҳамсафонаш, як нафар аз онҳое буд, ки бо тухм ба корвони мошинҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамла карданд.

Қурбоналиев рӯзи 24 октябри соли 2023 дар шаҳри Зиндорф аз сӯи пулиси Олмон дастгир шуд ва ба ӯ хатари ихроҷ аз Олмон ва ҳатто фиристоданаш ба Тоҷикистон таҳдид мекунад.

Тазоҳургарон, ки ба гуфтаи худашон, ҳудуди 25 нафар буданд, аз мақомоти Олмон озодии Билол Қурбоналиев ва худдорӣ кардан аз ихроҷи ӯ ба Тоҷикистонро тақозо карда,  гуфтанд, ки дар сурати ба Тоҷикистон супурда шуданаш, ба ин узви “Гуруҳи 24” хатари шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон таҳдид мекунад. Тазоҳургарон бо худ аксҳои Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони оппозитсияи тоҷикро низ доштанд. Абдуллоҳи Шамсиддин моҳи январи соли 2023 аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ гардида, моҳи март бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯи оппозитсионӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Билол Қурбоналиев рӯзи 24 октябр аз ҷониби пулиси Олмон дар шаҳри Зиндорф бо иттиҳоми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати ин кишвар дастгир шуд.

Билол Қурбоналиев (“Усмон”) ҳамчунин дар канали Drama.Tj, ки аз ҷониби “Гуруҳи 24” дар Ютуб роҳандозӣ шудааст, фаъолона иштирок дошт. Дар ин канал ҳунарпешаҳои ҳаваскор филмҳои кӯтоҳеро дар бораи чӣ гуна шиканҷа кардану ба эътирофи гуноҳҳои нокарда водор кардани боздоштшудагон дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро ба саҳна мегузоштанд ва “Усмон” дар ин филмҳо асосан нақши қурбонии шиканҷаро бозӣ мекард.

Билол Қурбоналиев замони дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанаш, ба барномаҳои “Гуруҳи 24” пайваста, фаъолона дар он барномаҳо иштирок ва суханронӣ мекард ва баъдан аз тарси таъқиб аз Русия ба Украина рафт. 

Моҳи феврали соли 2022, дар пайи ҳамлаи Русия ба хоки Украина, кишварҳои Аврупо ба миллионҳо сокини Украина паноҳ дод. Бар асоси ба истилоҳ “банди 24” хориҷиҳое, ки дар Украина қарор доштанд, низ  имкони паноҳ овардан ба кишварҳои Аврупоро ба даст оварданд. “Усмон” бар асоси ҳамин “банди 24” аз Украина ба Олмон омад ва инҷо ба сар мебурд.

Вале баъдан Иттиҳоди Аврупо “банди 24”-ро бозбинӣ карда,  имкони дарёфти паноҳандагӣ барои хориҷиҳои аз Украина ба Аврупо омадаро хеле маҳдуд кард.

“Усмон” барои дарёфти паноҳандагӣ дар Олмон ариза дода буд, вале идораи муҳоҷирати Олмон ахиран ин дархости ӯро рад кард.

Рӯзҳои 28 ва 29 сентябри соли ҷорӣ, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нахустин нишасти сарони Осиёи Марказӣ ва Олмон ба Берлин омада буд, мухолифони тоҷик ба зидди сафари ӯ як силсила эътирозҳо доир карданд. Рӯзи 29 сентябр ба чанде аз аъзои “Гуруҳи 24” муяссар шуд, ки бо тухм ба корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон дар як кӯчаи Берлин  ҳамла кунанд. Дар акси нашршуда аз мулоқоти ӯ бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дида мешуд, ки ҳадди ақал як тухм ба тирезаи мошини Эмомалӣ Раҳмон расидааст.

Ин амали мухолифин мавҷи таъқиботи ба сари худ бесобиқаи наздиконашон дар Тоҷикистонро ба бор овард. Ҳомиёни ҳуқуқ аз боздошти наздики 50 нафар аз хешовандони иштирокчиёни эътирозҳои Берлин хабар доданд. Бархеи онҳоро барои чанд соат дастгир карда ва бархеашро чанд рӯз дар ҳабс нигоҳ доштанд. Мақомот баъди эътирозҳои Берлин ҳамчунин сими барқи манзилҳои хешовандони дастикам 4 тан аз фаъолони мухолифинро дар Восеъ, Фархор, Бохтар ва Ҳисор буриданд.

“Гуруҳи 24” соли 2012 аз сӯи соҳибкори тоҷик Умаралӣ Қувватов баъди аз дасташ гирифтани тиҷоратҳояш ва тарки Тоҷикистон карданаш таъсис ёфтааст. Ин ҳаракат дар тобистони соли 2014 дар шаҳрҳои Русия бо талаби истеъфои ҳукумати Тоҷикистон як силсила эътирозҳо барпо кард ва рӯзи 10 октябр ҳамаро ба як гирдиҳамоии саросарӣ дар маркази Душанбе даъват кард. Ба ин гирдиҳамоӣ касе наомад, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро манъ ва онро созмони ифротӣ эълон кард. Асосгузори “Гуруҳи 24” моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истанбули Туркия дар пайи ноком шудани кӯшиши заҳр доданаш дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд. Даҳҳо узви ин ҳаракати оппозитсионӣ дар солҳои охир дар Тоҷикистону кишварҳои СНГ дастгир шуданд. Боқимонда аъзои “Гуруҳи 24” дар Туркия ва кишварҳои Аврупо паноҳ бурдаанд ва аз ҳамин ҷо ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button