ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистонҲуқуқи инсон

МАЪРАКАИ МУШТАРАКИ 7 СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО ТАЛАБИ ОЗОДИИ МАНУЧЕҲР ХОЛИҚНАЗАРОВ

7 созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон – Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия (Norwegian Helsinki Committee),  Мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR), Афви байналмилалӣ (Amnesty International), “Озодӣ ҳоло” (Freedom Now), Дидбон (The Observatory),  Бунёди Ҳелсинки барои ҳуқуқи башар (HFHR) ва “Ҳомиёни хатти ҷабҳа” (FrontLine Defenders)  – рӯзи 6 ноябри соли 2023 маъракаи муштаракеро бо талаби озодии билофосилаи Манучеҳр Холиқназаров, раҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир ва як ҳомии шинохтаи ҳуқуқи инсон аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро оғоз карданд. Холиқназаров аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 16 соли зиндон маҳкум шудаастю

7 созмон дар баёнияи муштараки худ Манучеҳр Холиқназаровро “ҳомии ҳуқуқи инсон ва муборизи зидди беадолатӣ” номида, парвандаи ӯро бофта ва мурофиаву ҳукмашро ноодилона хондаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз аҳли ҷомиаи байналмилалӣ хостаанд, ки бо ду васила: навиштани номаҳо ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо талаби озодии Холиқназаров ва бо ирсоли номаҳои пуштибонӣ ба худи ӯ ба маҳбаси ЯС 3/7 дар кӯчаи Низомии Ганҷавии шаҳри Душанбе (маъруф ба маҳбаси 7-ум колонна), ки Холиқназаров дар ҳамин маҳбас адои ҳукм мекунад, пуштибонии худро аз ин маърака ба намоиш бигузоранд.

 “Манучеҳр Холиқназаров ба шумори бешумори қурбониёни нақзи ҳуқуқи инсон кумак расонда, дар таҳкими волоияти қонун ва ниҳодҳои демократӣ дар Бадахшон саҳм мегузошт. Холиқназаров ҳамчунин дар тӯли солҳои зиёд ба бунёди пули муколама байни ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомиаи шаҳрвандӣ машғул буд ва дар ҷараёни ин муколамаҳо масоили доғи вилоят, аз ҷумла мушкилоти ҳуқуқи инсон баррасӣ мешуд”, – навиштаанд ҳомиёни ҳуқуқ.

Моҳи ноябри соли 2021 қатли мармузи сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков баъди чанд соати боздошташ боиси мавҷи эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд. Баъди 4 рӯзи эътирозҳо мақомот розӣ шуданд, ки қатли Зиёбеков ва боз ду сокини дар ҷараёни эътирозҳо кушташударо ҳамроҳ бо намояндагони эътирозгарон тафтиш кунанд.

Барои ин ва назорати иҷрои дигар талабҳои эътирозгарон аз ҳисоби намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ як ниҳод бо номи “Комиссияи 44” таъсис дода шуд. Манучеҳр Холиқназаров низ ба узвияти “Комиссияи 44” интихоб шуд ва дар ин ниҳод раҳбари гуруҳе буд, ки мебоист аз номи эътирозгарон дар таҳқиқи ҳаводиси ахир иштирок мекард.

Вале аъзои ин гуруҳро амалан ба ҷараёни тафтиш роҳ надоданд ва моҳи майи соли 2023, баъди онки мақомот мавҷи нави эътирозҳоро дар Бадахшон бо истифода аз силоҳ ва нирӯҳои вижа (спетсназ) саркӯб карданд, беш аз 100 тан аз сокинон ва зодагони Бадахшон, аз ҷумла 13 узви “Комиссияи 44”, бо шумули Манучеҳр Холиқназаров, ба ҳабс кашонда шуданд.

Бо вуҷуди даъватҳои батакрори созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон, Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 декабри соли 2022 Манучеҳр Холиқназаровро бо ҷурмҳое, чун “узвият дар гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятӣ” ва “даъватҳои оммавӣ ба сарнагун кардани сохти давлатӣ” ба 16 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ин  иттиҳомро комилан рад карда, худро бегуноҳ мешуморад.

Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба маъракаи нави байналмилалӣ аз ҷониби 7 созмон бо талаби озодии билофосилаи Манучеҳр Холиқназаров ҳанӯз маълум нест. Вале қаблан Душанбе чунин даъватҳо бо талаби раҳоии афродеро, ки дар пайи саркӯби эътирозҳои Бадахшон дастгир ва маҳкум ба зиндон шуданд, сарфи назар мекард.

Ҳомиёни ҳуқуқ бар инанд, ки аксари помириҳои дар пайи саркӯби эътирозҳо маҳкумшуда бо иттиҳомоти сохтаю бофта ва дар додгоҳҳои ноодилона маҳкум гардидаанд. Мақомот исрор меварзанд, ки эътирозгарон дар Бадахшон  якҷо бо гуруҳҳои муташаккилонаи фаъол дар ин вилоят ва бо дастури “хоҷагони хориҷӣ” амал мекарданд ва қасди бесубот кардани вазъи нафақат Бадахшон, балки тамоми ҷумҳуриро дар сар доштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button