ВидеоҶомеа

МАҚОМИ ЯКУМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАДДАБАНДИИ ҶАҲОНИИ БОВАРӢ БА МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

Дар  раддабандии имсолаи Шохиси ҷаҳонии тартибот ва ҳуқуқ- 2023, ки созмони маъруфи назарсанҷии “Гэллап” (“Gallup”) нашр кард, Тоҷикистон дар байни 141 кишвар бо касби 96 имтиёз аз 100 имтиёзи мумкин ҷои якумро ба даст овардааст.  Барои муқоиса, Ӯзбекистон бо 90 имтиёз дар ин раддабандӣ дар зинаи 13 ҷой гирифтаааст.

Дар раддабандии имсолаи “Гэллап” якбора 6 кишвар бо 92 имтиёз ҷойгир шудаанд: Финландия, Исландия, Кувейт, Люксембург, Норвегия ва Ветнам.

Дар 13 зинаи аз ҳама поёни раддабандӣ 3 кишвар аз Амрикои лотинӣ ва 10 кишвари қораи Африқо ҷой гирифтаанд. Дар 6 зинаи аз ҳама поён ҳама кишварҳои африқоиянд, ки ҳамагӣ аз 49 то 59 имтиёз доранд: Габон, Африқои ҷанубӣ, Конго, Сера-Леоне, Гамбия ва аз ҳама охир – Либерия.

Мавқеи аз ҳама баланди Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар ҳолест, ки дар дохили кишвар сокинон аз бадрафтории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҳар баҳона пора талаб кардани онҳо, бахусус кормандони БДА, зиёд шикоят мекунанд.

“Гэллап” мегӯяд, ин раддабандиро бар асоси пурсиши назари то 1000 нафар дар ҳар кадоме аз ин 141 кишвар тартиб додааст. Ин созмон ба афроди пурсидашуда бо ин 4 суол муроҷиат кардааст:

1. Ба пулиси маҳалли зисти худ боварӣ доред?
2. Оё ҳангоми сайругашти шабона ба танҳоӣ худро амну бехатар эҳсос мекунед?
3. Дар як соли охир пул ё ягон моли дигаратонро дуздидаанд?
4. Дар як соли охир мавриди ҳамла ё одамрабоӣ қарор гирифтаед?

Аз натиҷаҳои нашршудаи назарсанҷӣ бармеояд, ки сокинони Тоҷикистон ба милитсия боварӣ дошта, ҳангоми сайругашти шабона эҳсоси хатар намекунанд ва дар як соли охир (ҳадди ақал нафарони пурсидашуда) мавриди дуздӣ ё ҳамла қарор нагирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки ба ҳисоби миёна, дар ҷаҳон ҳар нафари ҳаштум дар як соли охир дучори дуздӣ шуда будааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 11 ҳазору 612 ҷиноят сабт шудааст, ки ин нисбат ба 12 ҳазору 482 ҷинояти ҳамин давраи соли гузашта 870 ҷиноят кам мебошад.

Дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ чунин ҷиноятҳо сабт шудаанд:

– одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 24 маврид (2022-39),
– қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 54 маврид (2022-67)
– таҷовуз ба номус – 25 маврид (2022-22)
– савдои одамон – 34 (2022-8)
– роҳзанӣ – 5 (2022-22)
– ғоратгарӣ – 61 маврид (2022-65)
– дуздӣ – 2229 маврид (2022-3101)
– қаллобӣ – 1491 маврид (2022-1715)
– авбошӣ – 666 ҳолат (2022-621)
– тамаъҷӯӣ 26 ҳолат  (2022-27)
– нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор – 328 ҳолат (2022-345).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Манро порсол манбур бо тарс додан, ва барои пахн кардани як видео як чанд руз махкам ва ба маблаги калон озод карданд. Зиёда аз як сол аст карз меканам…
    Инхо чихел мукоиса карданд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button