ҲАЛОКАТИ ЯК ЗАН ДАР САРИКАМАР ВА ЯК КӮДАК ДАР ГУЛБУТТА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИН
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 4 ноябри соли 2023 дар ду садамаи нақлиётӣ дар деҳаи Сарикамар дар канори шаҳри Панҷакент ва маҳаллаи Гулбутта дар канораи ҷанубии пойтахти ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе як зани 39-сола ва як кӯдаки дусола зери чархи мошин ба ҳалокат расидаанд.
Аз ҷумла субҳи 4-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 10:10, ронандаи мошини тамғаи «Чанху», Норбоев Шерзод Холиқулович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Панҷакент-Хурмӣ» дар ҳудуди деҳаи Сарикамари шаҳри Панҷакент, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард, Аҳадқулова Дилноза Расуловна, соли таваллудаш 1984, сокини Панҷакентро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Аҳадқулова Д.Р. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, субҳи 4-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 10:00, ронандаи мошини тамғаи «Ҳюндай Тибурон», Маликов Саламшоҳ Рустамшоевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ба қафо ҳаракат карданаш дар маҳаллаи Гулбутта кӯдаки хурдсол Гулов Анас, соли таваллудаш 2021, сокини пойтахтро пахш намудааст. Дар натиҷа, кӯдак ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.
Аз ин қабл ВКД Тоҷикистон хабар дода буд, ки шоми 1 ноябри соли 2023 дар як садамаи пурқурбонӣ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон дар натиҷа ба қисмати қафои мошини боркаши тамғаи “Мерседес” бархӯрдани мошини мусофиркаши тамғаи “Опел-Астра” се мусофири “Опел”, аз ҷумла як зани 58-сола, як ҷавони 21-сола ва як кӯдаки 9-сола ба ҳалокат расида, ронандаи “Опел” ҷароҳат бардоштааст.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.