ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРӢ ДАР НИМИ ШАБ ДАР МАҲАЛЛАИ 34-УМИ ХУҶАНД

Марди 36-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ки пеш бо моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми дуздӣ суд шуда буд, ҳоло бар асоси қисми дуюми моддаи 248 ба ғоратгарӣ айбдор мешавад.

Худи дастгиршуда  барои шарҳи қазия дастрас нест, вале маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон 7 ноябри соли 2023 хабар дод, ки гумонбаршаванда шаби 1-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 00:30, дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд дар ҳолати мастӣ бо марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки ӯ низ дар ҳолати мастӣ қарор дошт, вохӯрда, ҷангу ҷанҷол кардааст. Сипас, сокини Истаравшан сокини Хуҷандро лату кӯб намуда, бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А5»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
ВКД гуфт, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ шурӯъ шуда, тафтишот идома дорад. Ба сокини Истаравшан бар асоси қисми дуюми моддаи 246 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо  барои ғоратгарӣ аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Солҳои охир ҷиноятҳои сангине, чун ғоратгарӣ ва роҳзанӣ дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш овардааст. Бино ба омори расмии ВКД, соли 2022 дар ҷумҳурӣ 138 ҳолати ғоратгарӣ ва 38 ҳолати роҳзанӣ сабт шуда буд. Дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 5 ҳолати роҳзанӣ ва 61 ҳолати ғоратгарӣ ошкор карда шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button