ВидеоМуҳоҷиронҶомеа

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ ТОЛЯТТИ БАРОИ БАДЗАБОНӢ ДАР МАРШРУТКА (ВИДЕО)

Нирӯҳои ОМОН дар шаҳри Толятии вилояти Самараи Русия рӯзи 6 ноябри соли 2023 як ҷавони 24-солаи зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми амалҳои авбошона дастгир карданд. Видеои бадзабонию бадрафтории ин ҷавон дар маршрутка нисбат ба мусофирони дигар мавҷи вокунишҳои асосан манфиро ба бор оварда буд.

Раёсати тафтишоти вилояти Самара  дар саҳифааш дар шабакаи “ВКонтакте” хабар дод, ки шуъбаи тафтишоти ноҳияи Автозаводскийи шаҳри Толятти дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

5 ноябри соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки чӣ гуна як муҳоҷири ҷавон дар маршрутка бо забони шикастаи русӣ бо истифода аз алфози қабеҳ  атрофиёнро таҳқир ва таҳдид мекунад. Худи ҷавони боздоштшуда ва дигар шоҳидони ҳодиса барои шарҳи мустақим дастрас нестанд, вале дар видеои нашршуда маълум нест, ки чӣ коре боиси чунин вокуниши бадхашмонаи муҳоҷири тоҷик шудааст? Аммо дида мешавад, ки мусофирони дигар ӯро барои бадзабонӣ накӯҳиш мекунанд ва дар ниҳоят ҷавонро аз маршрутка берун мекунанд, вале ӯ аз кӯча ҳам ба таҳдидҳояш нисбат ба яке аз мусофирон, ки чеҳрааш дида намешавад, идома медиҳад ва мегӯяд, “ба куҷое, ки мехоҳед, рафта, арз кунед!”

Раёсати тафтишот хабар дод, ки муҳоҷири бадзабонро, ки 24-сола ва аз Тоҷикистон буда, дар ҳудуди вилояти Самара ба сар мебурд, ба сурати фаврӣ дар як муддати кӯтоҳ муайян карда, алакай рӯзи дигари 6 ноябо бо ҷалби нирӯҳои ОМОНи шаҳри Толятти дастгир карданд.

Дар видеои нашркардаи мақомот дида мешавад, ки ҷавони боздоштшуда дар рӯи фарш дастонаш дар пушти сар хобида, дар болои сараш як афсари мусаллаҳ ва ниқобпӯши ОМОН истодааст ва дар чунин як ҳолат ба ин ҷавон қарори боздошташ ва ба чӣ гумонбар буданашро қироат мекунанд. Ин видео бо узрхоҳии ҷавон бо ҳамон забони шикастаи русӣ ба поён мерасад.

Ба ҷавони зодаи Тоҷикистон бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия барои кирдори авбошона дар макони ҷамъиятӣ ҳамчун ҷазо аз ҷарима ба мабалғи то ним миллион рубл то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Азбаски ин парвандаро ҳам Александр Бастрикин, сардори Кумитаи тафтишоти Русия, ки бо мавқеи ошкоро муҳоҷирбадбинонааш ном баровардааст, зери назорат гирифтааст, ба эҳтимоли ғолиб, муҳоҷири тоҷикро ҷазои сахттарин мунтазир аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button