РАМАЗОН ҚОДИРОВ БА ПИСАРИ 15-СОЛААШ МАНСАБ ДОД

Одам Қодиров, писари 15-солаи Рамазон Қодиров, роҳбари ҷумҳурии Чеченистони Русия, сардори муҳофизони падараш таъйин шудааст. Яъне ин ноболиғи 15-сола, амалан ҳамаи муҳофизони падарашро, ки аксарият хатмкардагони донишкадаҳои ҳарбианду рутбаҳои афсарӣ доранд, зери итоати худ қарор додааст. Аз ин пас муҳофизони роҳбари Чеченистон фаъолияти худро таҳти амру фармонҳои Одам Қодиров, ки бо тахаллуси “Дӯстум” маъруф аст, пеш хоҳанд бурд.
Аввалин шуда ин хабарро вазири иттилооти Чеченистон Аҳмад Дудаев ва вакили парлумони Русия (Госдума) Одам Делимхонов, ки ҳарду шахсони наздиктарин ва низ аз хешовандони Рамазон Қодиров ба ҳисоб мераванд, нашр намуданд.
Бино ба гуфтаи сардори полки махсуси ВКД-и Русия дар ҷумҳурии Чеченистон ба номи Аҳмад Қодиров (падари Рамазон Қодиров), Замид Чалаев, “Одам худро ҳамчун ҷавони боҳадаф ва як шахси ҳамаҷониба инкишофёфта муаррифӣ намуда, нишон дод, ки дар ҳама кор кӯшиш мекунад, то вазифаи дар пеш гузошташудашударо ба таври аъло анҷом диҳад. Аз ин рӯ Одам як намунаи дурахшон дар байни ҳамсолонаш аст”.
Одам Делимхонов низ писари Қодировро тавсифу таъриф намуда, навиштааст, ки “ҷияни ман аз замони кӯдакӣ худро як марди комил нишон медод ва, ҳамеша шаъну шараф барои ӯ дар мадди аввал аст … . Аз ин рӯ ӯ сазовори чунин вазифа аст”.
Тибқи қонунгузории Русия шахсони ба синни 15 расида метавонанд бо корфармо шартномаи меҳнатӣ имзо намуда, дар давоми рӯз ба таври маҳдуд корҳои сабук ва барои саломатии онҳо бе хатарро анҷом диҳанд. Аммо маълум нест, ки Одам Қодиров оё чӣ гуна метавонад тамоми рӯз кор кунад? Ва он ҳам дар ҳоле ки мактабро ҳам ҳанӯз хатм накардааст
Номи Одам Қодиров замоне дар матбуот роҳ ёфт, ки падарш Рамазон Қодиров дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии худ сабти видеоиеро нашр намуд, ки дар он писари ноболиғаш дар дохили боздоштгоҳ Никита Журавел, нафареро, ки ба сӯзонидани Қуръон муттаҳам мешавад ва дар Грозний таҳти боздошт қарор дорад, лату кӯб мекунад.
Ин видео сару садоҳои зиёде дар дохил Русия ба бор овард. Мухолифони ҳукумати Русия ва расонаҳое, ки дар Русия бо номи “расонаҳои либералӣ” маъруфанд, аз ҳукумати Русия хостори ба ҷавобгарӣ кашида шудани Одам Қодиров шуданд. Вале дар ҷавоб баъзе аз вакилони парлумони Русия ва шахсони бонуфузи Русия аз Одам пуштибонӣ намуда, гуфтанд, ки “бояд Журавел ба эҳсосоти динии мусалмонҳо бозӣ намекард”. Ҳамчунин пулиси Грозний низ аз тафтиши ин қазия худдорӣ намуда, гуфт, ки “Одам Қодиров танҳо 15 сол син дорад, аз ин рӯ, тибқи қонунгузории Русия шахсони ба балоғат нарасида натавонанд таҳти тафтиш қарор гиранд”.
Пас аз роҳ ёфтани сабти латукӯби Журавлев аз ҷониби Одам мақомоти Русия ӯро ба чаҳор ҷоиза сарфароз гардониданд. Аввалин шуда худи Рамазон Қодиров ба писараш унвони “Қаҳрамони Чеченистон”-ро эҳдо намуда, таъкид намуд, ки “аз рафтори Одам мефахрад”. Баъдан роҳбари ҷумҳурии Тотористон низ аз рафтори Одам қадрдонӣ намуда, ӯро ба унвони “Дӯстӣ” сарфароз намуд. Ҳамин тавр роҳбари ҷумҳурии Карачаю Черкас ба Одам болотарин ордени ин ҷумҳуриро ҳадя намуд. Рӯзи 6-уми ноябри соли 2023 бошад, муфтии Карачаю Черкас Исмоил – Ҳоҷӣ Бердиев, Одам Қодировро бо ордени “Барои хидматҳо дар назди уммат” дараҷаи 1 қадрдонӣ намуд.
Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, раҳбарони аввали дастикам ду ҷумҳурии дигари Русия дархости Рамазон Қодиров барои додани орден ба писарашро рад кардаанд.
Бояд гуфт, ки “карера”-и Рамазон Қодиров низ ба ин монанд оғоз ёфтааст. Ӯ ҳам дар синни 27-солагӣ ардори муҳофизони президенти Ҷумҳурии Чеченистон таъйин шуда буд, ки он замон падараш Аҳмад Қодиров роҳбарии Чеченистонро ба ӯҳда дош. Инчунин “дасти рост”-и Рамазон Қодиров, Одам Делимхонов низ аз ҳамин роҳ собиқаи кории худро оғоз намудааст.
Бархе бар инанд, гӯё Рамазон Қодиров, ки аз соли 2003 пас аз террори падараш Аҳмад Қодиров амалан роҳбарии Чеченистонро инак 20 сол боз ва расман аз соли 2007, инак 16 сол боз дар даст дорад, Одам Қодировро ба ҷои худаш омода карда истодааст.Оиша як духтари Рамазон Қодиров, ки чанд сол вазири фарҳанги Чеченистон буд, ҳоло муовини сарвазир аст. Шавҳари ӯ низ муовини сарвазири Чеченистон аст. Дар умум, аксари курсиҳои раҳбарии Чеченистон дар дасти хешу табори Рамазон Қодиров қарор доранд ва ба ин далел ҳукумати ин ҷумҳуриро “ҳукумати оилавии авлоди Қодиров” низ ном мебаранд.

