ҶЕВОНИ МЕҲРУБОНӢ ДАР ИСФАРА: НИЁЗ ДОШТА БОШӢ – БИГИР, ТАВОНО БОШӢ – ГУЗОР! (ВИДЕО)

Ҳабибаллоҳ Исмоилов, журналисти муқими шаҳри Исфара 5 ноябри соли 2023 бо нашри як видео хабар дод, ки аз ҷониби созмони хайрияи “Ормони дилҳо” дар маркази шаҳри Исфара дар назди нуқтаи нонфурӯшии “Нони Зоирбой” ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат “Ҷевони меҳрубонӣ” гузошта шудааст, ки аз он ҳамарӯза нафарони ниёзманд метавонанд ба таври ройгон маводи озуқа дастрас намоянд.
Ҳабибаллоҳ Исмоилов гуфт, ин нақшаи деринаи “Ормони дилҳо” ҷиҳати ташкили ҷевони хӯрока дар мағозаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр бо ташаббуссу саҳмгузории шахсони саховатманду хайрхоҳ аз ҷамоати Ворух ва дар ҳамкорӣ бо муассиси нонвойхонаи нони болаззати “Зоирбой” ҷомаи амал пӯшид.
Исмоилов шеваи истифода аз “Ҷевони меҳрубонӣ”-ро чунин шарҳ дод: “Ҳар нафари соҳибдилу хайрхоҳ метавонад дар доираи қудрат ва тавоноияш бидуни ҳеҷ як мушкилӣ ба дохили ҷевон маводи хӯрока гузорад ва тавассути ин ба ашхоси ниёзманд кумаки амалӣ расонад ва онҳое, ки эҳтиёҷ доранд, ба қадри эҳтиёҷашон ба таври ройгон мавод бигиранд”.
Яъне, гуфт ӯ, тартиби кори “Ҷевони меҳрубонӣ” чунин аст: Ниёз дошт бошӣ – бигир, тавоно бошӣ – гузор!
Ҳабибаллоҳ Исмоилов афзуд, дар сурати ба таври қобили қабул истифода шудану пеш бурдани кори “Ҷевони меҳрубонӣ” ташкилкунандагони ин амали хайру савоб омодаанд, ки боз дар 5 нуқтаи дигари нонфурӯшӣ дар ҳудуди шаҳри Исфара чунин “Ҷевонҳои меҳрубонӣ” бигузоранд.
Бисёриҳо дар зери ин хабар ба ташаббускорони ташкили “Ҷевони меҳрубонӣ” таҳсину офарин хондаанд ва гуфтаанд, мутаассифона, дар ҷомиаи имрӯза инсофу эҳсон ва инояту меҳрубонӣ аз молҳои камчин шудааст. Ва он ҳам дар ҳоле ки шумораи афроди ниёзманд ба хайру саховат дар ҷомиа торафт меафзояд.

