ДАР ХУҶАНД ЯК МӮСАФЕД МӮСАФЕДИ ДИГАРРО БА МАБЛАҒИ 30 ҲАЗОР ДОЛЛАР ФИРЕБ ДОДААСТ

Дар шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон як ҳолати қаллобӣ ба маблағи бузург ошкор шудааст. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2023 хабар дод, ки як сокини солхӯрдаи ин шаҳр даст ба мардумфиребӣ зада, як сокини низ солхӯрдаи Хуҷандро ба маблағи 30 ҳазор доллар фиреб додаву инак сеюним сол боз пулашро намедиҳад.
Бино ба иттилои ВКД, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 60-солаи сокини шаҳри Хуҷанд моҳи майи соли 2020, дар ҳудуди шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба боварии марди 59-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 30 ҳазор доллари амрикоиро ҳамчун қарз гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Тафсилоти бештар дар бораи ин ҳолати мардумфиребӣ нашр нашудааст. Худи марди солхӯрдаи гумонбар ба қаллобӣ ва ҷабрдида барои шарҳи мустақими моҷарои байни онҳо дастрас нестанд.
Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои қаллобӣ, бахусус мавридҳои фиреб ҳангоми муомилаҳои тиҷоратӣ хеле зиёд шудааст. Афроди қалбдаст мардуми зудбоварро бо ҳар роҳу ҳар баҳона: ё дар муомилаҳои тиҷоратӣ, ё бо ваъдаи дар фурсати кӯтоҳ баргардондани пулашон, ё бо ваъдаи дарёфти фоидаи зиёду зуд, ё бо ваъдаи гирифта додани замин ё хона, ҳатто бо ваъдаи фиристодан ба Ҳаҷу ваъдаи табобат фиреб дода, пулҳояшро аз худ мекунанд.
Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 1491 мавриди қаллобӣ сабт шудааст, ки ин қариб 13 фоиз аз ҷамъи 11 ҳазору 612 ҷинояти дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар рухдодаро ташкил медиҳад. Соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор мавриди қаллобӣ ошкор шуда буд. Ба ҳисоби миёна ҳар ҷинояти ҳаштум дар Тоҷикистон ин қаллобист. Аз он бештар танҳо дуздист, ки қариб панҷяки ҷамъи ҷиноятҳоро дар кишвар ташкил медиҳад.
Ва аммо омори расмии ВКД тамоми мавридҳои мавҷудаи мардумфиребиро дар бар намегирад. Дар бисёр ҳолатҳо мардуми фиребхӯрда даводав ба мақомот барои рӯёндани маблағҳои аздастдодаи худро беҳуда дониста ба мақомот муроҷиат намекунанд ваё то охирин лаҳза қаллобон онҳоро умедвор мекунанд, ки имрӯз ё пагоҳ пулашонро бармегардонанд. Ҳолатҳое низ ҳаст, ки мақомот ба хотири зиёд нашудани мавридҳои сабтшудаи қаллобӣ ваё дар сурати пуштибонҳои қавиву пурнуфуз доштани афроди муттаҳам ба қаллобӣ аз пазируфтан ва сабт кардани аризаҳои ҷабрдидагон саркашӣ мекунанд.

