Рэпсарои шинохтаи тоҷик Наврӯз Валиев, ки дар олами рэпи тоҷикӣ бо тахаллуси Навик МС маъруф мебошад, дар даҳаи сеюми моҳи октябри соли 2023 дар шаҳри Маскав аз ҷониби як гуруҳи, ба гуфтаи худаш, зодагони ҷумҳурии Доғистони Русия, латтукӯб шудааст ва қариб ду ҳафта боз дар бемористони шаҳрии клиникии №1 ба номи Н.И.Пирогов, воқеъ дар хиёбони Ленин, 10 шаҳри Маскав таҳти табобат қарор дорад.
Дар як видео Навик мегӯяд, ки дандонҳо ва чанд қабурғаашро зада шикастанд. Бар асоси ташхиси табибон, ҷоғи Навик низ аз ду ҷо шикастааст. Дар навор дида мешавад, ки ӯ дар бинои ба эҳтимоли ғолиб пулис қарор дорад, як ҳамшираи тиббӣ ба бозуи Навик сӯзандору мегузаронад ва кормандони пулис чанд нафарро бозпурсӣ доранд. Дар идомаи видео Навик дар болои кати бемористон дар бораи шикастани дандонҳову ҷоғу ангушт ва қабурғаҳояш ҳарф мезанад ва сипас сабти аудиоии суҳбаташ меояд, ки дар он мегӯяд, ҳадафи ҳамлаи ягон 20 доғистонӣ қарор гирифтааст.
“Бобои Лангарӣ” баъди чанд рӯзи ин ҳодиса ба аёдати Навик ба бемористон рафта, тафсилоти бештареро дар бораи латтукӯби ин овозхони рэп нашр кард. Дар ин навор Бобои Лангарӣ, ки дар роҳрави бемористон дар канори Навик МС нишастааст, нақл кард, ки Навик ва як нафари дигар барои бачаҳои тоҷике, ки дар тарафи Домодедово кор кардаанд, вале пулашонро надодаанд, бархоста, бо як доғистонӣ даъво кардаанд. Доғистонӣ онҳоро барои “суҳбати мардона” даъват кардааст, вале вақте Навик ва рафиқаш барои “суҳбати мардона” мераванд, издиҳоме, ки он доғистонӣ бо худ оварда буд, ба онҳо ҳамла карда, бераҳмона латтукӯбашон мекунанд.
Дар бораи сарнавишти он рафиқи Навик хабаре нест. Ба гуфтаи Бобои Лангарӣ, азбаски ҳуҷҷатҳояш чандон дуруст набуд, ӯ ба куҷое ғайб задааст. Он бачаҳое, ки Навик барои гирифтани пули онҳо рафта буд, ба ҷуз аз танҳо ду ё се нафараш, бақия низ худро як тараф кашидаанд.
Вале Навик, ба гуфтаи Бобои Лангарӣ, бояд ҷоғи аз ду ҷояш шикастаи худ ва ҳамин тавр, косахонаву мағзи сарашро, ки низ дар ин ҳамла осеби ҷиддӣ бардоштааст, фавран ҷарроҳӣ кунад. Танҳо барои ҷарроҳии ҷоғаш аз Навик дар бемористон 160 ҳазор рубл талаб кардаанд. Ба гуфтаи Бобои Лангарӣ, он доғистоние, ки сабаби ин кор шуд, дар аввал ваъда додааст, ки пули табобати Навикро медиҳад, вале баъдан телефонашро хомӯш кардааст ва азбаски пули ҷарроҳиро бояд фавран бидиҳанд, онҳоро барои кумак ба мардум муроҷиат кардаанд.
Бино ба итттилои канали “Дархости Шумо” дар ТикТок, номи пурраи Навик МС Наврӯз Валиев буда, 14 марти соли 1995 дар оилаи афсари ҳарбӣ дар касаба ё микрорайони 61-уми шаҳри Душанбе ба дунё омада, дар ҳаминҷо ба воя расидааст. Падари Навик барвақт аз дунё рафт ва модараш бо касби дӯзандагӣ ӯро ба воя расонд.
Навик дар Душанбе ва давраи якмоҳаи ошпазӣ дар шаҳри Томски Русияро хатм кардааст. Ӯ дар як мусоҳибааш гуфтааст, ки то синфи 9 дар мактаби миёнаи №24 хонандаи фаъолу аълохон ба шумор мерафт ва ҳатто сардори синф интихобаш карда буданд. Вале баъди синфи 9 ӯ ба мусиқии рэп дода шуда, дигар дарсу мактабро фаромӯш кард ва ҳатто ба дарс намерафт. Бо ин вуҷуд, ӯ мактаби миёнаро “як бало карда” ба поён расонд ва баъди хатми мактаб ба Русия рафта, дар шаҳри Томск курси якмоҳаи ошпазиро ҳам хатм кард.
Навик МС аз соли 2012 рэп месарояд. Аввалин таронаи ӯ “Биё, бо ҳам бошем!”ном дошт. “Шамоли рашк”, “Майда майда”, “Ма Ҳабиб нестум”, “Ватан хубай ё ғарибӣ?” ва силсилатаронаи “Асали кайфӣ”, иборат аз 7 қисм аз таронаҳои машҳури Навик МС ба шумор мераванд.
Бархе таронаҳои ӯ дар Ютуб то чанд миллион тамошобин ҷамъ овардаанд. Аз ҷумла таронаи “Гули ман”, ки ҳамроҳ бо Ралик ва Шаҳроми Абӯбакр сароидааст, 2,3 миллион тамошобин, таронаи “Туӣ ёрам” бо Бадик 2,9 миллион ва баттли Навик бо Ҷонон 1,2 миллион тамошобин ҷамъ кардаанд.
@darkhostishumo Биография Навик мс #дархостишумо #1хотира #навикмс #навик #шахромиабдухалим #точикистонбапеш #рэп #душанбе #рекомендации❤️❤️ #абдурозик #рекомендации ♬ оригинальный звук – Дархости шумо