ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ҶАВОНИ ТОҶИКИ ДАР УКРАИНА КУШТАШУДА МУҲАММАД ҲАСАНОВРО ДАР РУСИЯ БА ХОК СУПУРДАНД (ВИДЕО+5 АКС)

Рӯзи 5 ноябри соли 2023 дар шаҳри Магнитогорски вилояти Челябински Русия маросими дафни Муҳаммад Ҳасанов доир шуд. Аз ин марди 33-солаи зодаи Тоҷикистон, ки дар Украина кушта шуд, зани русаш бо се фарзанди хурдсол ятим монд.

Ба гуфтаи наздиконаш, Муҳаммад Ҳасановро бо қоидаҳои мусалмонӣ: бо хондани намози ҷаноза ва қироати сураҳои “Қуръон” дар сари қабраш ба хок супурданд. Дар лавҳаи ҳанӯз чӯбин дар мазори ин тоҷики ҷавонмарг ҳамчун аломати қабри мусуалмон будани ин мазор акси Моҳтоб кашида шудааст.

Муҳаммад Ҳасанов 30 апрели соли 1990  дар минтақаи Ломоносов дар канори шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) дар ҷануби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Зодгоҳи ӯ, ки дар байни мардуми маҳаллӣ бештар ҳамчун “Ламанос” маъруф аст, дар тобистон ва тирамоҳи соли 1992, соли аввали ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз ҷабҳаҳои асосии задухӯрдҳо байни гуруҳҳое буд, ки барои ба даст овардани ҳукумати ҷумҳурӣ ба зидди ҳамдигар силоҳ бардошта буданд.

Муҳаммад Ҳасанов соли 2007, ҳамагӣ 17 сол дошт, ки ба Магнитогорск омад ва ҳаминҷо монд. Ӯ аз соли 2010 ҳамчун ронанда дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекард.

Бино ба навиштаи лавҳаи сари мазораш, Муҳаммад Ҳасанов ҳанӯз беш аз ду моҳ пештар, рӯзи 28 августи соли 2023 кушта шудааст. Ба наздикони ӯ хабар додаанд, ки дар поёни моҳи август мошини КАМАЗе, ки Муҳаммад ронандагӣ мекард, ҳадафи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин қарор гирифтааст. Дар натиҷаи ҳамла Муҳаммад Ҳасанов ҷароҳатҳои сангин бардошта, ҷон додааст. Дар бораи дар кадом минтақаи Украина рух додани ин ҳамла маълумоте дар даст нест.

Ба наздикони Муҳаммад Ҳасанов инро ҳам нафаҳмондаанд, ки чаро интиқоли ҷасади ӯ барои гӯручӯб беш аз ду моҳ тӯл кашидааст? Бисёре аз нозирон чунин тӯл кашидани муҳлати ба наздиконашон супурдани ҷасадҳои афсарону аскарони дар Украина кушташударо ба шумори хеле зиёди ҷасадҳои кушташудагон дар ҷабҳаҳои ҷанги Украина рабт медиҳанд.

Як аз наздикони Муҳаммад Ҳасанов рӯзи 5 ноябр ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ки ӯ қариб ду моҳ ҳамчун нафари беномунишоншуда ҷустуҷӯ мешуд. “Баъде ки ёфтанд, ҷасадаш ончунон бар асари ҳамлаи дрон сӯхта, сиёҳ шуда буд, ки шинохта намешуд. Ҳамон хел рӯяшро дигар касе нодида ба хокаш супурданд”, – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Русия 24 феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард. Тайи беш аз 20 моҳи гузашта аз оғози ин ҷанг, ки мақомоти Русия онро ҳамчунон сарсахтона на ҷанг, балки “амалиёти ҳарбии махсус” ном мебаранд, аз ҳарду тараф даҳҳо ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан ним миллион одам захмӣ шуд.

Дар байни кушташудагон беш аз 50 нафар аз зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки ба истиснои як ило ду нафар, аксарияти куллаш  аз тарафи Русия меҷангиданд. Бархеи онҳо тоҷиконеанд, ки дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекарданд. Бархеаш муҳоҷироне буданд, ки дар ивази ваъдаи маошу имтиёзҳои хуб, аз ҷумла ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо вазорати мудофиаи ин кишвар қарордод баста, ба ҷанг рафтанд.

Дар Украина то имрӯз беш аз 30 маҳбуси тоҷики зиндонҳои Русия ҳам кушта шуданд. Ин маҳбусон ба ваъдаи озодии зудтар аз маҳбас дода шуда, бо ЧВК “Вагнер” ё вазорати мудофиаи Русия қарордод имзо карда, ба ҷанги зидди Украина рафта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button